Подшоҳе дар як шаби сарди
зимистон аз қаср берун шуд.
Ҳангоми бозгашт посбони пиреро
дид, ки дар сармо бо либоси тунук
посбони мекунад.
Аз у пурсид: оё сардат нест?
Посбони пир гуфт: сард аст, аммо
либоси гарм надорам, маҷбурам, ки
тоқат кунам.
Подшоҳ гуфт: ман ҳоло дохили қаср
меравам ва супориш медиҳам, ки
як либоси гарм бароят биоваран.
Посбон хушҳол шуда аз подшоҳ
ташакури кард.
Аммо подшоҳ баробари ворид
шудан ба қаср ваъдаашро фаромуш
кард.
Субҳи рузи дигар ҷасади
сармозадаи пирамардро аз ҳавлии
қаср пайдо карданд, дарҳолеки бо
хати ангуштонаш дар замин
навишта буд: эй подшоҳ, ман ҳар
шаб бо ҳамин либоси кам сарморо
таҳамул мекардам, аммо имшаб
ваъдаи ту маро аз по афтонд.
Нет комментариев