Рӯдакӣ-асосгузори адабиёти форсу-
тоҷик
назму насри форсу тоҷик тӯли чандин асрҳо
тараққӣ мекард. Давраи нашъунамои адабиёти
форсу тоҷик ба асрҳои миёна рост меояд, вақте ки
дар Осиёи Миёна аввалин давлати тоҷикон ба вуҷуд
меояд (874-1005). Маҳз дар ҳамин давра
тараққиёти миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.
Сомониён ба илм ва адабиёт диққати махсус зоҳир
мекарданд. Шоирон ва олимони ҳамон давра ба
монанди Рӯдакӣ , Ибни Сино ( Авиценна), Фирдавсӣ ,
Унсурӣ , Дақиқӣ дар даргоҳи шоҳони Сомониён кор
ва фаъолият мекарданд. Эрониён ва тоҷикон он
вақтҳо як қавмро бо решаҳои бо ҳам пайваст
ташкил мекарданд ва адабиёт, санъат, илм ҳам
дастраси ҳама буд. Рӯдакӣ асосгузори адабиёти
форсу тоҷик мебошад. Истилои арабҳо ба Осиёи
Миёна дигаргуниҳои зиёде овард.Фарҳанги бой ва
меьмории тоисломии тоҷикон нест карда мешуд,
китобҳо сӯзонида мешуданд. Дар Осиёи Миёна
дини ислом ҷорӣ шуда забони арабӣ умумӣ гардид.
Забони нави адабӣ – забони форсу тоҷик дар
асрҳои IX-X ташаккул ёфт. Рӯдакӣ – шоири
барҷаста, асосгузори адабиёти форсу тоҷик,
аввалин шуда забонро ташаккул дод ва онро дар
назми худ истифода бурда, якчанд жанрҳои адабии
он замонро ба вукуъ овард. Маҳз аз ҳамон давра
сар карда адабиёти форсу-тоҷик ташаккул ёфта
дар тамоми олам машҳур гардид. Дар охири асри X
Фирдавси «Шоҳнома» -и безаволи худро 'эҷод кард,
ки аз ҷихати маъно ва ҳаҷм дар тамоми адабиёти
олам ҳамтоё надорад. Асри XI бо ба вукӯъ омадани
эпосҳои романтикӣ машҳур шудааст. Маҳз дар
ҳамин жанр силсилаи достонҳои Унсурӣ , Айюкӣ ,
Гунгурӣ , Умари Хайём мебошанд, вале «Хамса» -и
Низомии Ганҷавӣнамунаи беҳтарин маҳсуб
мешаванд , ки асри XII эҷод карда шудааст. Дар
асри XIII «Бӯстон» ва «Гулистон» - и Саъдӣ , дар
асри XIV достонҳои Амир Хусрави Дехлавӣ ва Хоҷа
Кирмонӣ , Камоли Хуҷандӣ ва ғазалҳои Ҳофизи
Шерозӣ эҷод шудаанд. Асри XV бошад бо назми
Ҷомӣ машҳур гардидааст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев