Предыдущая публикация
Чашмаҳоят – чашмаи шеъру суруд,
Қуллаҳоят – садри пайғому дуруд,
Хоки покат – соҳати буду набуд –
Тоҷикистон, кишвари ман,
Модари ман, модари ҷонпарвари ман.
Ояд аз ҳар санг гулбонги рубоб,
Дар сари ҳар кўҳ хандад офтоб,
Бишнавам аз ҳар гулат бўи шабоб,
Тоҷикистон, кишвари ман,
Модари ман, модари ҷонпарвари ман.
Бишнавам аз ҳар даре шеъри дарӣ,
Аз ҷаҳонороиву одамгарӣ,
Аз тамоми қуллаҳо болотарӣ,.
Тоҷикистон, кишвари ман,
Модари ман, модари ҷонпарвари ман.
Ҷони ман қурбони ғамҳои ту бод!
Шеъри ман ҳамдасту ҳампои ту бод!
Рўҳи ман ҳамроҳи фардои ту бод!
Тоҷикистон, кишвари ман,
Модари ман, модари ҷонпарвари ман.
Лоиқ Шералӣ
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ
Дохил кард:Мавлонов Акрам
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев