Предыдущая публикация
Овози Азон омад,
2. Моҳи Рамазон омад.
3. Шайтон ба фиғон омад,
4. Моҳи Рамазон омад.
5. Масҷид мунаввар шуд,
6. Аз ишқ муаттар шуд.
7. Хуршеди замон омад,
8. Моҳи Рамазон омад.
9. Ёрон ба бари ёрон,
10. Яктан шудаву якҷон.
11. Ислом ба миён омад,
12. Моҳи Рамазон омад.
13. Аз булбули хушилҳом,
14. Чаҳ-чаҳ бишунав Қуръон.
15. Шури дилу ҷон омад,
16. Моҳи Рамазон омад.
17. Аз ҳарфи Ҳақу Аҳмад,
18. Нур аст ба дил беҳад.
19. Имон ба амон омад,
20. Моҳи Рамазон омад.
21. Бар хайру сахо бингар,
22. Бар рузи шаке н-овар.
23. Сад файз ба хон омад,
24. Моҳи Рамазон омад.
25. Дар сина такон бишнав,
26. Илҳоми ниҳон хамрав.
27. Шеърат бихонам акнун,
28. Мохи рамазон омад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев