Раҳму шафқати Паёмбар (с) на танҳо махсуси инсонҳо буд, балки ҳайвонҳоро низ дар бар мегирифт, пеш аз он ки ҷамъиятҳои раҳму шафқат бо ҳайвонҳо бунёд шаванд, ҳазору чаҳорсад сол пеш паёмбар (с) гуфта буд ки: «Занеро ба хотири гурбае (пишаке) азоб дода шуд, чунки ӯро ҳабс кард, то бимурд, на барояш обу нон дод ва на ӯро гузошт, то аз замин ҳарчи ёбад бихӯрад».
(Ривояти Бухорӣ ва Муслим)
Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят шудааст, ки гуфт:
"Аз назди паёмбар (с) харе гузашт, ки дар бадани ӯ бо оташ нишонае шуда буд, (оҳанро дар оташ сурх мекунанду онро ба ҷисми ҳайвон мечаспонанд, то ки нишона шавад) Паёмбар (с) гуфт: лаънати Худо бар касе, ки ин корро кардааст."
(Ривояти Муслим)
Аз ибни Масъуд (р) ривоят шудааст, ки гуфт:
«Дар сафаре ҳамроҳи паёмбар (с) будем. Паёмбар (с) ба хотири ҳоҷате аз мо дур шуд, дар ин ҳол мо паррандаи даштиеро бо ду чӯҷааш дидем ва чӯҷаҳояшро гирифтем, ин парранда болои сари паёмбар (с) омада давр задан гирифт. Паёмбар (с) ба саҳобаҳояш гуфт: чуҷаҳои ин паррандаро ки гирифтааст? Чӯчаҳояшро пас бигардонед».
(Ривояти Абудовуд)
Аз имом Аҳмад ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) гуфт: «Ҳар кӣ бо гъшу бинӣ ё дум порае аз ҷисми ҳайвонеро тамсил кунад (бибурад), Худованд ӯро рӯзи қиёмат мисли ҳамон ҳайвон хоҳад кард».
Ва дар ҳадиси Бухорӣ ва Муслим омадааст, ки паёмбар (с) фармуд: «Бо ҳайвонҳо тимсол (буридани поре аз бадани ҳайвоне) накунед, Худо лаънат кунад ҳаркиро ки бо ҳайвонҳо тимсол мекунад».
Аз имом Бухорӣ ривоят шудааст, ки паёмбар (с) фармуд: «Ҳар кӣ раҳм кунад, агарчи дар куштани гунҷишке, Худованд ӯро рӯзи қиёмат раҳм хоҳад кард».
Ва дар ривояти дигар мефармояд: «Ҳар чиро ки дар баданаш ҷон дорад, ҳадаф қарор надиҳед», яъне чи намуд ҳайвоне, ки набошад, ҳадаф нагузореду бо найзаҳо бизанед ва ин сухани паёмбар (с) ба бозии испониҳо, ки имрӯз бо номи "ҷанги барзаговҳо" машҳур аст, рост меояд, ин бозӣ дар ислом ҳаром аст, чунки он зидди раҳму шафқат аст, онҳо ҳайвонро ҳадафи худ қарор дода, бо найзаҳояшон мезананд ва хуни ҳайвон рехтан мегирад, то ин ки мемирад ва мардум бошанд, механданду вақти хуш мегузаронанд.
Паёмбаре, ки пайравонашро аз ноҳақ резондани хуни гунҷишк манъ мекунад, имкон надорад, ки дар ҳақи хуни мардум бепарво бошад, ба ҳамин хотир мегуяд: «Ман раҳмате ҳастам ҳадя шуда ба мардум».
(Ривояти Ҳоким)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев