Фишор ва ба қавли омма ошноии қабр ба маънои он аст, ки замини ду тарафи қабр ба ҳам мерасанд ва мурдаро ба шиддат мефишоранд. Фишор ё ошноии қабр бар пояи ривоятҳои Суннат дар аввалин лаҳзаҳои ба хок супорида шудани мурда сурат мегирад. Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ (р) ривоят шуда, ки вақте Саъд ибни Муъоз (р) ба хок супорида ва қабраш баробар сохта шуд, Расули Худо (с) тасбеҳ гуфт ва мо ҳам муддати дарозе тасбеҳ гуфтем, боз такбир гуфт ва мо низ ҳамроҳаш такбир гуфтем. Пурсиданд: Эй расули Худо (с), барои чӣ тасбеҳу такбир гуфтӣ!? Фармуд: «Бар ин бандаи солеҳ қабраш танг гардид ва дар ҳам фишурда шуд, то он ки Худой, азза ва ҷалл, онро бар вай кушода гардонд» (Муснади имом Аҳмад, 14934 (14873), 15094 (15029). Пас аз он фармуд: «Қабр дар ҳақиқат фишор ва зағтае дорад ва агар касе аз он наҷотёбанда мебуд, ҳатман аз он наҷот Саъд ибни Муъоз меёфт» (Муснади имом Аҳмад, 24787 (24283), 25170 (24663).
Саволи пурсандагон, фишор ва азоби қабр ҳама ҳақ ҳастанд ва бар асоси ривоятҳои саҳеҳ собит шудаанд. Аз Баро ибни Озиб (р) ривоят шуда, ки Паёмбар (с) фармуд: «Худо касонеро, ки имон овардаанд, дар ҳаёти дунё ва дар охират бо қавли собит ва сухани устувор таъйид ва тасбит менамояд (Иброҳим, 14: 27), дар (бораи) азоби қабр нозил шудааст. Пас ба ӯ гуфта шавад, ки Парвардгорат кист!? Гӯяд: Парвардгорам Аллоҳ ва паёмбарам Муҳаммад аст. Ин аст маънои фармудаи (Худой) азза ва ҷалл: Худо касонеро, ки...» (Саҳеҳи Бухорӣ, 1369, 4699; Саҳеҳи Муслим, 7148 (2871)-73).
Вуқӯъи азоби қабр барои кофирон ва мунофиқон бо Китобу Суннат ҳар ду собит шудааст. Худованд дар бораи оли Фиръавн мефармояд: «Ҳар субҳу шом бар оташ арза дошта мешаванд ва рӯзе, ки соат (қиёмат) барпо мешавад, дохил кунед оли Фиръавро ба сахттарин азоб» (Ғофир, 40: 46).1 Дар идомаи ҳадисе бо ривояти Баро ибни Озиб (р) омадааст: «Аммо кофир, пас (аз суоли Мункару Накир) мунодие аз осмон нидо диҳад, ки дурӯғ гуфт. Пас барояш фарше аз ооташ бигустаред, ба вай либосе аз оташ бипӯшед ва барояш даре ба сӯи оташ боз кунед! Фармуд: Пас аз гармӣ ва ҳавои тафсони он ба сӯяш меояд ва қабр бар вай танг сохта мешавад, то устухонҳои паҳлу (қабурға)-ҳояш ба ҳам меоянд. Он гоҳ нобино ва гунге ва дар ривояти Аҳмад: кару гунге бар вай мусаллат сохта мешавад, ки чакуше аз оҳан бо худ дорад, ки агар бо он ба кӯҳе зада шавад, хок гардад. Пас бо он зарбае ба вай бизанад, ки садои онро мобайни машриқ ва мағриб, ба ҷуз инсу ҷин, бишунаванд, пас хок гардад, боз рӯҳ ба вай баргардонида шавад ... Баро – ровии ҳадис мегӯяд: Он гоҳ барояш даре аз оташ кушода ва фаршҳое аз оташ густарда мешавад» (Сунани Абудовуд, 4753; Муснади имом Аҳмад, 18815 (18614). Дар қисмати ахири ҳадисе бо ривояти Асмо бинти Абӯбакр омадааст: «Аммо фоҷир ё кофир ... пас (аз суоли фаришта) дар қабраш ҷунбанда (ҷонваре) бар вай мусаллат сохта мешавад, ки тозиёнае бо худ дорад, нӯгаш оташпора (лахча)-е ба мисли далв (сатил)-и обкашии уштур аст. Он миқдор, ки Худо хоста, ӯро мезанад, (вале) кар аст, садояшро намешунавад, то бар вай тараҳҳум намояд» (Муснади имом Аҳмад, 27516 (26976).
Гарчи баъзе уламо суоли Мункару Накир дар қабр ва азоби қабрро бо истинод ба аҳодисе, ки дар онҳо ишора ба суоли малакайн аз муъминон ва кофирони ин уммат шуда ва дар онҳо зикре аз суол ва азоби умматҳои пешин дар қабр нарафта, ба муъминон ва кофирони ин уммат – уммати даъват хос донистаанд, вале назари ҷумҳури аҳли Суннат он аст, ки он ба мисли ин уммат барои умматони пешин низ собит аст. Қавитарин санад ва далели онҳо дар ин маврид ояти: «Худо касонеро, ки имон овардаанд, дар ҳаёти дунё ва дар охират бо қавли собит ва сухани устувор таъйид ва тасбит менамояд ва золимонро гумроҳ месозад ва Худо он чи хоҳад, мекунад (Иброҳим, 14: 27), ки дар (бораи) азоби қабр нозил шуда ва маънояш омм аст.
Муъминон дар қабр ду ҳолат доранд: ё қабр барояшон васеъ гардонида ва ба ғурфаҳое аз биҳишт табдил дода мешавад ва дар наъим ба сар мебаранд ё ба сабаби баъза гуноҳлнашон ба азоби қабр гирифтор мегарданд. Авомил ё сабабҳои умумии баҳаравар гаштан аз наъими илоҳӣ имон ва итоати Худованд аст ва сабабҳои асосии гирифтор гаштан ба азоб куфр ва маъсиятҳо ҳастанд. Ҳақ таъоло аз баъзе гуноҳони муъминонро мебахшад ва онҳоро дар қабр азоб намекунад, ба хусус вақте аз гуноҳони кабира иҷтиноб карда бошанд, саййиот ва гуноҳони сағираашонро мебахшад (Нисо, 4: 21). Бо ин вуҷуд дар баъзе нусуси шаръ сабабҳо ва гунлҳоне зикр гардидаанд, ки иртикоби онҳо мӯҷиби азоби қабр мегардад. Вале омма – қисмати умдаи азоби қабр иборат аст аз: Худро пок надоштан аз бавл (пешоб) ё худро сатр накардан ба вақти пешоб, намима – суханчинӣ (). Ниёҳат (навҳа кардан) бар маййит (), хиёнат дар моли ғанимат (),
Уламо дар бораи пурсида шудани тифлони норасида ва кӯдаконе, ки ба синни гуноҳ нарасидаанд ва савобу наъим ё азоби онҳо дар қабр ду назар доранд. Назари аксари уламо бо истинод ба умуми аҳодиси собиткунандаи суоли малакайн ва азоби қабр ва бо чанд ҳадиси хоссе дар бораи кӯдакон ин аст, ки онҳо низ дар қабр пурсида ва озмоишу азоб мешаванд. Дар ҳадисе ба ривояти Абӯҳурайра (р) омадааст, ки паёмбар (с) бар ҷанозаи кӯдаке намоз гузорид ва аз (ҷумлаи) дуои он ҳазрат (с) шунид: «Худоё, ӯро аз азоб ва тангии қабр нигаҳ дор!» (Мирқоту-л-мафотеҳ. Ҷ. 4. – С. 141–142) ва он далел бар субути фитна – суол, озмоиш ва азоби қабр барои кӯдак аст (ал-Ҳаёту-л-барзахия фи-л-ислом. – С. 114) ва низ дар дуои намози ҷаноза омадааст: «Ва сағирино ва кабирино», ки он низ далолат бар субути азоби қабр барои тифлон ва талаби омурзиш барои онҳо дорад.
Қуртубӣ суоли қабрро барои хурдсолон қатъӣ ва онҳоро дар ин бора мисли болиғон медонад, ки ақлҳояшон барояшон комил гардонида мешаванд, то мақому мартаба ва саодати худро бишиносанд ва ҷавоби суолҳо ба онҳо илҳом мешавад. Зоҳири ахбор инро тақозо мекунад ва қабр бар онҳо фишурда мешавад, он гуна ки бар бузургсолон фишурда мешавад (ат-Тазкира, ҷузъи аввал. – С. 164–165).
Ҷамъе аз уламо, ба монанди Қозӣ Абӯяъло, Ибни Ақил ва дигарон бар ин назаранд, ки суоли қабр барои одамони оқил пешбинӣ шудааст, дар ҳоле ки кӯдакон ҳанӯз ба марҳалае аз рушди ақлӣ нарасидаанд, ки қодир ба фаҳми ва ҷавоби суол бошанд. Ҳамчунин азоб ё наъими қабр бар таклиф ва иртикоби аъмоли муқтазии онҳо мутараттиб гардидааст, дар сурате ки кӯдак ҳанӯз ба синни таклиф нарасида ва бино ба фармудаи расули Худо (с) дар ҳадиси: «Қалам аз се гурӯҳ бардошта шудааст: аз девона, то он ки ба худ ояд, аз кӯдак, то он ки дарк намояд ва аз хуфта, то он ки бедор гардад» (Сунани Абудовуд, 4398 – 4403; Сунани Тирмизӣ, 1423), аз ҳар гуна бозхосте муоф аст.
Аз назари аҳли таҳқиқ, фишори қабр бар асоси нусуси воридшуда дар шаръ, омм аст ва хурду бузург ҳар ду аз он чорае надоранд. Дар ҳадисе ба ривояти Табаронӣ омадааст: Паёмбар (с) бар (ҷанозаи) писар ё духтари норасидае намоз гузорид, он гоҳ фармуд: «Агар касе аз фишори қабр наҷот меёфт, ҳатман ин кӯдак наҷот меёфт» (Муъҷаму-л-авсати Табаронӣ, 2753). Вале дар нусуси собиткунандаи суоли малакайн ва фитнаи қабр истисноҳое дида мешавад ва тибқи фармудаи аҳодис, шаҳид, муробит – марзбон дар роҳи Худо ва афроди дигаре аз фитнаи қабр (суоли малакайн ва он аҳволе, ки епас аз он барои банда пеш меояд), эмин ҳастанд. Пас тифлон ва кӯдакони поёнтар аз синни гуноҳ низ метавонад аз он истисно бошанд, зеро гарчи ин маъно бо сароҳат дар аҳодис зикр нашуда, вале зоҳир ва далолати сареҳи суолҳое, ки дар аҳодиси боб омадаанд, ба сӯи онҳое равона шудаанд, ки аҳли таклиф ва дар синни гуноҳ қарор доштаанд. Аз сӯи дигар, иқоб ва муохаза дар қавонини шаръ бар пояи таклиф ва иртикоби аъмоли гуноҳ пас аз синни таклиф пешбинӣ шудаанд ва дар ҳеҷ нассе дар бораи бозхост ва муҷозоти ғайри аҳли таклиф чизе наёмадааст, балки онҳо аҳли шафоат дар рӯзи қиёмат дониста шудаанд. Пас агар Худованд бо навозиши Худ барои онҳо наъиме дар қабр ато намояд, он аз фазли Ӯ таъолост, на бар асоси анҷоми аъмол ва асли таклиф. Ҳамчунин онҳо ба гуноҳони дигарон муохаза ва ба дигар навъҳои азоби қабр иқоб намешаванд. Аммо дуоҳои он ҳазрат (с) ба наҷоти онҳо аз азоби қабр шояд аз боби таҳвил ва барои заҷр буда, мағфиратхоҳиаш барои онҳо барои улувви дараҷоташон бошад. Соҳиби Мирқот овардааст: Имкон дорад мурод аз хурду бузург дар дуо ҷавони болиғ ва пирмард бошад, ки дигар ишколе боқӣ намемонад (Мирқоту-л-мафотеҳ. Ҷ. 4. – С. 141).
Қавли роҷеҳ дар бораи паёмбарон ин аст, ки дар қабр аз онҳо суол намешавад ва шуҳадо низ бинобар ҳадисе аз суол ва озмоиши қабр эмин ҳастанд. Марде пурсид, эй расули Худо (с), чаро муъминон дар қабрҳояшон озмоиш мешаванд, магар шаҳид? Фармуд: «Дурахшиши шамшерҳо бар сараш кофӣ озмоишест» (Сунани Насоӣ, 2053).
Фитна дар луғат ба маонии бисёре корбурд шудааст, вале дар ҳар мавриде, ки ба қабр изофа шуда, ба маънои суоли пурсандагони қабр, озмоиш, азоб ва аҳволе аст, ки пас аз суоли фариштагон барои банда дар он ҷо пеш меояд. Аз он ҷо ки суоли пурсандагон, ки оғози фитнаи қабр аст, ба он фариштагон дар ҳадисе фаттону-л-қабр (озмоишгарони қабр) низ гуфта шудааст (Сунани Абудовуд, 2500; Сунани Тирмизӣ, 1621).2
А. Боқизода
1 Гарчи дар ин оят аз поёни кор ва сарнавишти ухравии оли Фиръавн хабар дода шудааст, вале муфассирон онро барои ҳамаи кофирон собит медонанд.
2 Дар ҳадиси ҳасане ривоят шуда, ки Расули Худо (с) аз озмоишгарон (фаттонайи-л-қабр) ёдовар шуд. Умар ибни Хаттоб пурсид: «Оё ақлҳоямон (дар он ҳолат) бар мо баргардонида мешаванд, эй Расули Худо? Фармуд: Оре, ба мисли ҳайати имрӯзаатон. Гуфт: Пас санг ба даҳонашон!» (С. И. Ҳ., 3105).
---------------
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев