Алҳамду лиллоҳи алмуиззу ман атоаҳу ваттако, вал музиллу ман асоаҳу ва холафа амраҳу. Вал қоилу фӣ муҳками танзилиҳи: Аузу биллаҳи минаш шайтонир раҷим: «Ва атиуллоҳа ва атиур Расула ва улил амри минкум».
Вас салоту вас салому ало сайидино ва ҳабибино ва қудвати амрино Муҳаммадин (саллаллоҳу алайҳи ва саллам).
Аммо баъд, ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Ба даргоҳи Худованд, ки зоти пок асту аз сипосгузории мо баланд меистад, шукри беадад мегўем, зеро Худованд моро беҳтарини уммат қарор дод. Беҳтарин Паёмбари худ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро барои мо Паёмбар фиристод ва беҳтарин китоби осмониро барои мо ва барои Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳадя ва нозил кард. Худованди мутаол бисёр хусусиятҳоро ба уммати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), яъне ба мо ато кардааст ва ё бо лафзи оддӣ гўем, Худованд моро уммати нозпарвар донистааст. Барои уммати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар ивази коре ва ё амале, ки дар назари мо ночиз аст, Худованд мукофот ва аҷри бузург ваъда кардааст. Ин ҳама насиби мо мусалмонон гаштааст.
Рўз аз рўзҳои дигар, моҳ аз моҳҳои дигар, шаб аз шабҳои дигар фарқ мекунад. Албатта, ҳама чиз аз ҳамдигар тафовут дорад.
Дар байни рузх,ои х,афта рузе ҳаст, ки он рўзи ҷумъа аст. Он рўзе, ки Худованди азизу бузург онро барои уммати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хос гардонида аст. Инак, мо дар ин рўзи сайидул айём, рўзи ҷумъа қарор дорем. Худовандо, ту худ шунаво ва доно ҳастӣ, ки руҳ ва ҷисми моро дар ин хонаи худ ҷамъ овардӣ. Худовандо, бошад, ки ҳамаи моро дар рўзи ҷазо дар ҷаннатул фирдавс дар меҳмонии худ ҷамъ карда бошӣ.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадиси мубораки худ фармудаанд:
Азаллаллоҳу анил ҷумъати ман кона қаблано. Фа кона лил яҳуди явмус сабти. Ва кона лин-насоро явмул аҳади. Фа ҷоаллоҳу бино фа ҳадоналлоҳу ли явмил ҷумъати. Фа ҷаъалал ҷумъата вас сабта вал аҳада. Ва казолика ҳум табаун лано явмал қиёмати. Наҳнул охаруна мин аҳлид дунё, вал аввалуна явмал қиёмати.
Шахсоне, ки пеш аз ман ва пеш аз уммати ман буданд, аз рўзи ҷумъа ва аз фазлу савоби рўзи ҷумъа бехабар монданд. Яҳудиҳо рўзи шанберо ҷашн мегирифтанд, рўзи шанберо ҳамчун рўзи ид қарор дода буданд. Ва барои насрониҳо рўзи якшанбе буд. Худованд моро овард ва ба рўзи ҷумъа ҳидоят кард. Фазли рўзи ҷумъа, савоби рўзи ҷумъаро барои уммати ман ато кард. Аввал ҷумъа меояд, баъд аз он шанбе ва сипас якшанбе.Ва ҳамин тавр яҳудиёну насрониҳо рўзи қиёмат ба мо пайравӣ мекунанд, зеро аввал рўзи ҷумъа меояд, баъд аз он рўзҳои шанбеву якшанбе. Дар ин дунё мо охирин уммат ҳастем. Аммо рўзи қиёмат аввалин уммат ҳисобида мешавем. (Бо ривояти Муслим)
Уммати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гарчанде дар ин дунё охирин уммат ҳастанд, аммо рўзи қиёмат ба дигар умматон шоҳидӣ медиҳанд ва ба ин сабаб аввалин уммат ҳисобида мешаванд.
Имрўз дар мавзўи рўзи ҷумъа, фазилат, аҳком, одоби он ва баъзе хатогиҳое, ки мушоҳида мешавад, суҳбат мекунем.
Аввалан, маънои рўзи ҷумъаро шарҳ додан бо маврид аст. Ҳофиз ибни Касир (р) мегўяд: Ба хотири он ҷумъаро ҷумъа номидаанд, ки мардум ҳар ҳафтае як маротиба барои ибодати бузург, барои адои намози ҷумъа ҷамъ мешаванд, ки дар Қуръон Худованд муъминонро ба он даъват кардааст. Ва аз ин сабаб ин рўзро ҷумъа номидаанд. Худованд мефармояд:
Ё айюҳаллазина оману изо нудия лис салоти мин явмил ҷумуати фасьав ила зикриллоҳи ва зарул байъа золикум хайрул лакум ин кунтум таъламун.
Вақте азони намози ҷумъаро шунидед, тиҷорат ё дигар намуди корҳое, ки доред онҳоро як сў гузоред. (Ҷумъа: 9 )
Як сў гузоштани доимӣ не, балки муваққатӣ, ки ҳамагӣ як соат ва ё якуним соат вақтро мегирад. Ҳасани Басрӣ (р) дар тафсири ин оят мегўяд, ки саъй кардан ба маънои давон ба сўи намоз омадан нест. Мақсад ин аст, ки инсон дарҳол, бо нийяти нек,барои ибодат кардан, барои гирифтани савоб ба масҷид ояд. Аз ин хотир бо саъйу кўшиш ва ихлоси дил ба масҷид омадан воҷиб аст.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба масҷид барои намоз хондан давон ва тез омаданро манъ кардаанд. Зеро ҳангоме ки инсон тез ба масҷид меояд, аллакай дили вай ором намешавад, он қироате, ки мекунад ё рукўъ ва саҷдае, ки ба ҷо меорад, хоҳ нохоҳ дар он халал пайдо мешавад. Монанди шамолдеҳе, ки гарчанде онро аз барқ ҷудо мекунед, вале он оҳиста-оҳиста танҳо баъди чанд лаҳза аз ҳаракат бозмеистад. Яъне вақте ки мо давида ба саф омада меистем, агарчӣ мо истодаем, вале дили шумо ҳанўз ноором мезанад. Аз ин сабаб ба зикри Худо бо шитоб омадан ин ба маънои дарҳол бо ихлосу дили пур ба ибодат ҳозир шудан аст.
Рўзи ҷумъа фазилатҳои зиёд дорад. Дар ҳадисе, ки аз Аби Ҳурайра (р) омадаасту онро Имом Муслим (р) ривоят кардаанд, омадааст:
Аз Абиҳурайра (р) қола: Қола Расулуллоҳ (с).а.в.гуфтааст;
«Хайру явмин талаат алайҳиш шамсу явмул ҷумъати. Фиҳи хулиқа Одам. Ва фиҳи удхилал ҷанната ва фиҳо ухриҷа минҳо.
Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: «Беҳтарин рўзе, ки дар он офтоб мебарояд, ин рўзи ҷумъа аст. Дар рўзи ҷумъа Одам (а) офарида шуд, ба ҷаннат дароварда шуд ва аз ҷаннат бароварда шуд». (ривоти Муслим)
Аз ин мебарояд, ки беҳтарин рўзҳои ҳафта ин рўзи ҷумъа аст.
Дар рўзи ҷумъа яке аз фарзҳои Худованд аст, ки ҳамаи мусалмонон ба фарз будани он ҷамъ омадаанд. Ва ин фарз намози ҷумъа аст. Ҳар касе, ки аз рўи бепарвоӣ, беаҳмиятӣ ва ё муҳаббати кори дунё намози ҷумъаро тарк мекунад, Худованд ба дили ў мўҳр мегузорад. Чуноне ки дар ҳадиси саҳеҳ омадааст:
«Хатамаллоҳу ало қалбиҳи». Ҷазояш ин аст, ки Худованд дар дили ў мўҳр мезанад, чуноне ки дар ҳадиси саҳеҳ Имом муслим ривоят кардаанд.
Ва агар Аллоҳ дар дили ў мўҳр занад, дар назди ў кори хуб ва кори бад ҳама баробар аст. Яъне байни неку бад дигар фарқ карда наметавонад. Барои ҳамин дар рўзи ҷумъа намози ҷумъаро хондан зарур аст.
Инчунин дар рўзи ҷумъа як соате ҳаст, ки дар он дуои инсон иҷобат мешавад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
«Инна фил ҷумъати соатан ло ювофиқуҳо абдун муслимун ясьалуллоҳа азза ва ҷалла фиҳо хайран илло аътоҳу».
Дар рўзи ҷумъа як соате ҳаст, агар бандаи мусалмон ҳамон соатро ёфта, ҳар чизе аз Худо пурсад барои ў ато мекунад.
Донишмандони дин мегўяд, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) кадом соат будани онро муайян накарда, мутлақ гузоштанд, то ҳамаи ин рўзро инсон бо зикри Худо ва намозу тоату ибодат гузаронад.
Ба гуфти аҳли илм дар бобати он соат ду қавли саҳеҳ аст. Якум вақте ки имом ба минбар мебарояду намоз тамом мешавад, дуо иҷобат мешавад. Ва қавли дигар ҳамин аст, ки баъди намози аср.
Ибни Қайюм (р) мегўянд, ки сухани пурқувваттар дар ин аст, ки инсон баъд аз намози аср то намози шом дуо кунад.
Фазилати садақаи рўзи ҷумъа аз садақаҳои дар рўзҳои дигари ҳафта дода, ба монанди фазилати садақаи моҳи рамазон аст. Яъне агар инсон дар моҳи рамазон садақа кунад, савобаш назар ба дигар моҳҳо зиёдтар аст. Инчунин аз байни рўзҳо, садақаи дар рўзи ҷумъа дода, савоби бузургтар дорад. Тасдиқи ин гуфтаҳо дар ҳадисе, ки Каъб (р) ривоят кардааст, дидан мумкин аст.
Аз фазилатҳои дигари рўзи ҷумъа он аст, ки дар ҷаннат Худованд ҷамолашро маҳз дар ҳамин рўз, яъне рўзи ҷумъа ба аҳли ҷаннат нишон медиҳад. Дар он рўз ҳама ба зебогӣ ва ҷамоли Аллоҳ таъоло назар мекунанд. Дар сухани Худованд омадааст:
Лаҳум ма юшаьуна фиҳа Ва ладайно мазид.
Барояшон дар ҷаннат ҳарчизе ки мехоҳанд. Боз дар назди мо аз он зиёдтар аст. (Қоф: 35)