НИШОНАХОИ КИЁМАТ.
Як ҷамоат ҳамеша бар ҳақ қоим мешавад ва муҷаддидони бор-бор хоҳанд омад
Ҳазрати амир Муъовия, разияллоҳу анҳу, мефармояд, ки ман аз Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, шунидам, ки иршод фармуд, Дар уммати ман ҳамеша чунон ҷамоате хоҳад буд, ки бар ҳукми Худо қоим мебошанд то дами мавт эшон ҳамин ҳол хоҳанд монд мухрлифат ва адами муованат ба эшон ҳеҷ гуна нуқсоне ба эшон намерасонад яъне онҳо аз он ҳеҷ чизе бок (тарс) надоранд, ки равояти аҳли замон чист, оё бо мо мувофиқанд ё мухолиф.
Дар ҳадиси дигаре омадааст, ки он Ҳазрат, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, иршод фармуд: Дар уммати ман чунон касоне то Қиёмат хоҳанд буд, ки ' пайваста аз тарафи Худованди Мутаъол ба онҳо мадад ва нусрат хоҳад расид. Касе ҳамроҳи онҳо набошад ҳеҷ гуна нуқсоне ба онҳо наметавонад бирасад.
Дар як ривоят аз Байҳақӣ омадааст, ки он Ҳазрат, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, иршод фармуд: Дар охири замон чунон ашхосе ба вуҷуд хоҳанд омад, ки мисли аҷри касоне, ки қабл-аз онҳо буданд ба онҳо хоҳад расид, эшон мардумро ба кори нек ҳукм мекунанд ва аз кори бад боз медоранд ва бо аҳли фитна меҷангад.
Ҳазрати Иброҳим ибни Абдураҳмон, разияллоҳу анҳу, мефармояд Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, иршод фармуд, ки, Дар замони оянда чунон олимони динӣ ва мусулмононе вуҷуд хоҳанд дошт, то он чиро, ки дар таҳриф, муболиға мекунанд ва он чиро, ки аҳли ботин ба дуруғ баён намоянд ва ҳамчунин ҷоҳилоне, ки маъонии динро ба дуруғ таъвил ва ташриҳ мекунанд, ҳамаро поксозӣ мекунанд».
Ҳазрати Абуҳурайра, разияллоҳу анҳу, мефармояд, ки Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, иршод фармуд, ки: Худои Таъоло барои ин уммат баъд аз ҳар сад сола чунон шахсе (муҷаддидеро) мефиристад, то дини ӯро таҷдид намояд.
Тавзех,: Ин ваъдаи Худо монанди мавоъиди дигар борҳо ба зуҳур омада ва ҳамаша хоҳад буд. Агар ҷамоати ҳақгӯ ва собитқадам аз қарнҳои аввал то имруз намебуд, пас аҳли фитна. муьтазила, бидъатй,мудаъиёни нубуват, мудаъиёни ислоҳи олам, мунқирони ҳадис,муфасирони ҷадид, ки Қуръонро ғалат тафсир мекунанд; динро радду бадал карда аз байн мебурданд, лекин уламои акобир, фуқаҳо ва муҳаддисин аз ҳамеша буда ва ҳамеша хоҳанд буд. Валҳамдулиллоҳи ало золик.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев