НИШОНАХОИ КИЁМАТ.
Бегонагӣ аз Ислом
Ҳазрати Абуҳурайра, разияллоҳу анҳу, мефармояд, ки Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, иршод фармуд, ки: Ислом дар ҳолати ғурбат ва бегонагӣ зоҳир шуд, ки мардум аз ӯ фирор мекунанд ва онҳое, ки динро қабул мекарданд теъдодашон бисёр кам буд, рӯзгоре хоҳад омад,ки Ислом дубора ғариб ва бегона мешавад, ҳамон гуна, ки дар ибтидо буд. Пас онҳое, ки бар Ислом амал,мекунанд теъдодашон хеле кам хоҳад шуд.
Сипас иршод фармуд, ки: Хӯшхабарӣ ва башорат аст барои он касоне, ки ба сабаби рафтан ба роҳи
Ислом,бегона ба шумор оянд.
Тавзех;: Мақсуд ин аст, ки вақте, ки ман ба Ислом даъват додам, ибтидо чанд нафаре Исломро пазируфтанд дар ҳоле, ки аксари мардум бо Ислом ноошно ва бегона буданд то ин, ки қабулкунандагони . Ислом«бе дин» гуфта: мешуданд ва маҷбур буданд, ки Маккаро тарк намоянд.
Мусулмонон, ки ба Ҳабаша ҳиҷрат карда буданд, як мартаба мушрикини Макка кӯшиш карданд, ки онҳоро аз Ҳабаша берун биоваранд чунон.ки ба дарбори подшоҳи Ҳабаша шикоят карданд, ки чанд нафар навҷавонони ҷоҳил, дини қавми худро тарк дода дар дини ҷадид дохил шудаанд, он дини ҷадид ба гунае аст, ки мо онро аслан намешиносем.
Дар сураи «Сод» омадааст, ки мушрикин даъват Ҳазрати Пайғамбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам-ро шунида мегуфтанд: Нашунидаем мо ин ҳарфҳоро дар миллатҳои дигар, нест ин Қуръон магар худ сохта.
Баъд аз он иршод фармуд, ки; Мардум баъдан Исломро хуб қабул карданд ва дар дунё онро мунташир сохтанд, лекин рафта-рафта боз Ислом ба ҳолати аввал бар мегардад, ки қабулкунандагон ва амалкунандагон бар аҳкоми Ислом ёфт намешаванд ва аҳкоми Ислом бегона ба назар меоянд гуё, ки мардум Исломро дар асл намешиносанд он вақт афроди кам бар Ислом амал мекунанд ва мусулмонони холис кам ба назар мерасанд ва мусулмонон дар чунин ҳолате дар , назари мардум паст ва ҳақир маълум мешаванд ва аҳли дунё ҳарф заданро бо эшон писанд намекунанд, лекин ман эшонр оаз ҷониби Худо мужда медиҳам.
Дар ривояти «Тирмйзй» ва «Ибни Моча» омадааст, ки Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, иршод фармуд: Бе шак дин ба сӯи Ҳиҷоз бармегардад монанди море, ки ба сӯрохии худ бармегардад ва дин фақат дар Ҳиҷоз мемонад мисли бузи кӯҳӣ, ки болои кӯҳ қарор мегирад.
Сипас иршод фармуд, ки: Дин дар ҳолати ғурбат ва бегонагӣ зоҳир шудааст, аз қариб ду бора бегона хоҳад шуд, ҳамчуноне, ки дар ибтидо буд. Хушхабарӣ бод ба он афроди маскин ва ғарибе, ки суннатҳои маро зинда мекунанд пас аз он, ки мардуми онҳоро таъғир дода ва нобуд сохтаанд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев