НИШОНАХОИ КИЁМАТ.
Масоҷиди ороста шуда, маҳалли гуфтугӯи умури дунявӣ мешаванд
Ҳазрати Анас, разияллоҳу анҳу, мефармояд, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам, иршод фармуд: Яке аз аломоти Қиёмат ин ки мардум масҷид бино мекунанд ва ба он фахр менамоянд.
Имрӯз ҳамин ҳолат аст ва ба қавли ибни Абос разияллоҳу анҳу: Ҳароина шумо масоҷидро монанди Яҳуд Насоро зинат медиҳед.
Чизҳое, ки фикри инсонро мунташир сохта ва ҷамъияти хотири одамиро аз байн мебаранд, монанди сангҳо ва люстраҳо ва чароғҳои гуногун ва фаршҳои дилфиреб ва пардаҳои гаронбаҳо ва дигар ашёи пурзарқу барқ, ва ҳамаи васоили роҳате, ки дар масоҷид вуҳуд доранд, аз ин ҷиҳат ин ашё ва асбоби гаронбаҳои дунявиан, ки сабаби бастан ва қуфл масоҷид шудаанд ва барон ҳифозава эҳтиёҷ ба хадма ва нигаҳбон шудааст.
Масоҷид аз ин ашёи пурзарқу барқӣ дунявӣ обод ва аз намазгузор холӣ ҳастанд ва касоне, ки намозгузоранд маъмулан ба гуфтугӯи умури дунявй машғул мешаванд, дар масоҷид на намози бохушуъ аст ва на ҳалқаи таълим дида мешавад ва масҷид дар замони Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва хулафои рошидин, разияллоҳу анҳум, маркази машварат ва тарақии дин ва умури динӣ буд.
Дар «Канзулаъмол» як ривоят омадааст, ки: Ҳаргоҳ шумо масоҷиди худро ороиш додед ва Қуръонҳоро музаян сохтед, пас бидонёд, ки ҳалокати шумо наздик шудааст.
Байҳақӣ дар «Шаъбу-л-имон» ривоят карда, ки Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, иршод фармудааст, ки Рӯзгоре хоҳад омад, ки чунин ашхосе пайдо мешаванд, ки тамоми гуфтугӯи дунявии онҳо дар масоҷид хоҳад буд, аз ин ҷиҳат шумо дар маҷлиси эшон
нанишинед чаро, ки Худованди Мутаъол ба вуҷуди эшон ниёзе намебинад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев