Дуруду саломи бепоён ба Расули раҳмат ва Хотами анбиё Муҳаммад (с) бод. Худованди меҳрубон дар ояти 183 сураи «Бақара» мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, рўза доштан бар шумо муқаррар шуд, ҳамчунон ки бар касоне, ки пеш аз шумо будаанд, муқаррар шуда буд, то парҳезгор шавед». Ояти мазкур далели фарз будани рўзаи моҳи шарифи Рамазон аст. Дар ниҳояти ин оят Худованд яке аз ҳикмату фоидаи рўзаро баён менамояд, ки; «Шумо ба сабаби рўза доштан аз аҳли тақво ва аз зумраи парҳезгорон мешавед». Бояд ёдовар шавем, ки ибодатҳо се навъ мебошанд: 1. Баданӣ, мисли намозу рўза; 2. Молӣ, мисли закот; 3. Молию баданӣ, мисли ҳаҷ. Бинобар ин, Худованд зимни ҳадиси қудсӣ мефармояд: «Тамоми амали одам барои худи ўст, магар рўза, зеро рўза барои Ман аст ва Ман подоши онро ба ў медиҳам». Дар ин рисола 40 ҳадиси Пайғамбар (с) аз китобҳои мўътабар дар фазилати рўза бо зикри ровиён ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст. Аз Худованд таманои онро дорам, ки аҳодиси ҷамъоварда шуда, дар раванди баланд бардоштани фарҳанги динӣ ва таҳкими маърифати солими исломӣ нақши боризе дошта бошад. Дар охир аз Худованди меҳрубон ва корсоз хоҳонам, ки ин амалро аз ҳама гуна риёву ғараз пок ва холис гардонда, дастгири рузи охиратамон гардонад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев