20. НОМИ ШАРОБРО ИВАЗ МЕКУНАНД ВА ҲАЛОАШ МЕДОНАНД.
Ҳзрати Оиша, разияллоҳу анҳо, мефармояд, ки Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, иршод фармуд, ки «Аз ҳама аввал барои хароб кардани Ислом аз ин роҳ кӯшиш карда мешавад, ки шароб менушанд Саҳоба разияллоҳу анҳу? суол карданд, ки: Оё мусулмонҳо шароб менӯшанд ҳоло ки Худои Таоъло онро ҳаром карда аст? Фармуд, ки номи онро иваз карда ҳалолаш мекунанд.
Яъне мудаъиёни Ислом дар он замон он цадар далер хоҳанд буд, ки 6а фиреб додани Худои Таъоло щам кушиш мекунанд, чизеро, ки Қуръони маҷид нопок ва амали шайтон ва боиси буғз ва адоват ва монеъ аз зикрй Аллох, ва намоз ва олати шайтони қарор дода ва бо таъкид аз он
наҳӣ фармудааст, на ин, ки фақат онро менӯшанд, балки номи онро иваз карда, ҳалолаш медонанд. Назди уламо ва муфтиён онро ба номи дигар муаррифй мекунанд, то фатвои ҳаром будан ба он дода нашавад. Натанҳо шароб аст, балки дар ин замон бисёре аз чизҳои ҳаромро ба гунае таъвил карда ҳалол медонанд ва таъвилоташон ба қадре муҳмал ва бемаъне ҳастанд, ки ҳақиқати он аз тори анкабут зиёдтар нест.Ба таври мисоли таълими Қуръон аст ба уҷрат, ки онро ноҷоиз медонанд боз ба ин таъвил онро ҳалол мегӯянд, ки мо уҷрати вақти худро мегирем. Гуё он салаф, ки фатвои адами ҷавозро дода буданд, дар замони эшон бидуни. сарфи вақт барои таълими Қуръон ҳаким, тариқаи дигаре мавҷуд будааст. Ҳамчунин ришваро ҳадия тасаввур карда ҳалол донистаанд ҳоло ин, ки агар ба диқат таваҷуҳ шавад ришва ба шумор меравад, фуқаҳо навиштаанд, ки агар касе ҳокимро қабл аз ҳоким шудан аз рӯи қаробат ё дӯстона чизе додааст ва баъд аз ҳоким шудан ҳам тибқи одоти қаблӣ
чизе ба ҳоким бидиҳад гирифтани ин ҳадия аст ва аммо агар қаблан надода ва баъд аз ҳоким шудан бидиҳад ришва ба шумор меояд.
Дар як ҳадиси Муслим омадааст, ки Расули Худо саллаллощу алайҳи ва саллам, якеро барои вусули закот фиристода, баъд аз вусули закот баргашта гуфт. Ин моли шумост, яъне саҳми байтул мол аст ва инҳо ба ман дода шудааст- Пас аз шунидани ин моҷаро, Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам хутба хонда баъд аз ҳамд ва салот ирщод фармуд. Корҳое, ки маро Худои мутавалии он гардонида ман баъзеро ба анҷоми он маъмур мекунам ва агар касе омад ва гуфт, ки дар анҷоми ин маъмурият, ба ман ҳадяе дода шудааст (агар у дорои чунин мартаба ва мақом аст) чаро дар хонаи падар ва модари худ нанишаст, то нигоҳ мекард, ки ҳадияҳое ба у дода мешавад ё на.
Аз инҷо маълум мешавад, ки он чи ба сабаби риёсат ё уҳдадор будани коре, чизе мерасад, ришва ба ҳисоб меояд бадинн тартиб ришва номи ҳадия ба худ мегиоад., Номи чизи ҳаромро иваз карда онро ба сурати дигар дароварда ҳалол донистан дар ақвоми гузашта ҳам роиҷ будааст чунон,.ки дар ривояти«Саҳеҳайн омадааст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам,»: ирщод фармуд, ки: «Бар Яҳуд лаънати Худо бод зеро вақте, ки Худованди Мутаъол истеъмоли чарбиро барояшон ҳаром кард. пас онро ба сурати равған дароварда, мефурӯхтанд ва қимати онро мехӯрданд»,
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев