Дафн (ар.: دفن – пинҳон кардан, зери хок кардан) истилоҳи фиқҳӣ ба хок супоридани мурда тибқи муқаррароти шаръ. Маросими дафн дар миёни ақвом, адён ва ҷавомеи гуногуни башарӣ аз қадимулайём тибқи расму ойини хоссе мутадоваил буда, дар шариати ислом низ пас аз ғусл, такфин ва гузоридани намози ҷаноза бо расму одоби хоссе ба ҷой оварда мешавад. Дар манобеи мутақаддими фиқҳӣ ва ҳадисӣ аҳкоми марбут ба мурдагон дар мабҳас ва ё навиштае хоссе бо номи «Китобулҷаноиз» ва ё «Бобун фӣ аҳкомилҷаноиз» матраҳ мешуданд, дар матнҳои мутааххиртари фиқҳӣ бахше аз китоби Таҳорат ва фасле аз китоби Салот (Намоз) ба аҳкоми мурдагон ихтисос ёфта, дар он аҳкоми давраи эҳтизор – бемории пеш аз марг ва пас аз он, аз қабили ғусл, таҳниф – хушбӯ кардани узвҳои саҷда, такфин, гузоридани намози ҷаноза ва дафн баён гардидааст.
Маросими дафн аз ҷиҳати фиқҳӣ бо гузоштани мурда дар ҳуфра ва ё лаҳади қабр оғоз ва бо пӯшонидани болои он бо хок, харпӯшт намудани миёнаи қабр, гоҳе ба тариқи истеҳбоб пошидани об бар болояш ва хондани дуои сабот ва пойдорӣ барои мутаваффо ба поён мерасад. Агар дар васати қабр ниҳода шавад, аз рӯи истеҳбоб ба паҳлу ва канори китфонаш аз пушт каме хок рехта мешавад, то мурда ба пушт наафтад. Баъзе ақвоми мусулмон, ба монанди туркон, кунҷи ақиби қабрро хамида мекананд ва мурдаро дар такяи девораи ақиби он мегузоранд.
Тариқаи дафн ба расми шаръ ин аст, ки мурдаро аз тарафи қибла дохили қабр мекунанд ва ба вақти гузоридан дар ҳуфраи қабр ё дар лаҳад мегӯянд: «Бисмиллоҳи ва ало миллати расулиллоҳи (с)» ва ё «Бисмиллоҳи ва ало суннати расулиллоҳ» (Сунани Абудовуд, 3213; Сунани Тирмизӣ, 1046; Сунани Ибни Моҷа, 1550). Бисёре аз матнҳои фиқҳӣ калимаҳои «вазаънока» ва «салламнока»: «Ба номи Худо туро дар хок ниҳодем ва бар миллат ва ё суннати расули Худо (с) таслим намудем»-ро бар лафзи ҳадис афзудаанд, ки шарҳи маънои он ба шумор мераванд. Сипас мурдаро ба паҳлӯи рост хобонида, рӯяшро ба сӯи қибла мегардонанд ва гиреҳҳоро аз кафанаш мекушоянд. Он гоҳ хиштҳоро дар лаҳад баробар чида, болояш хок мерезанд ва қабрро ба қадри як ваҷаб ба монанди кӯҳони шутур дуруст мекунанд. Ҳангоми дафни зан бар қабраш парда кашида мешавад.
Пас аз анҷоми дафн миқдоре бар сари қабр истода, барои фавтида дуо кардан мустаҳаб аст. Зеро ривоят шуда, ки паёмбар (с) вақте аз дафни мурдае фориғ мешуд, бар сари қабраш истода, мегуфт: «Барои бародаратон омурзиш ва пойдорӣ бихоҳед, ки вай ҳозир пурсида мешавад» (Сунани Абудовуд, 3221). Мусулмонони сарзаминҳои Осиёи марказӣ, ба хусус ақвоми мусулмони сокини Тоҷикистонро расм бар ин аст, ки пас аз поёни дафн ва пӯшонидани болои қабр бо хок мардуми хоксупор дар атрофи он менишинанд ва маъмулан мулло ва ё қории ҳамроҳ сураи Фотиҳа, сураи Мулк (Таборак) ва ё қисмате аз он ва сураи Ихлосро тиловат мекунад ва бо нисори дуо ва савоби оёти тиловатшуда бар рӯҳи шахси мутаваффо ба маросими дафн хотима мебахшанд.
Назди аиммаи тамоми мазҳабҳои фиқҳии аҳли Суннат дафни мурда дар хона ё бинои махсус ҷоиз нест, зеро ин хоссаи паёмбарон аст.
Тибқи аҳкоми фиқҳӣ тифле мурда ба дунё ояд, шуста шуда, дар порчае печида, бе номгузорӣ ва намоз дафн карда мешавад. Агар ҷанине сиқт шавад, вақте узвҳои бадан ва хилқаташ пайдо гашта бошанд, ҳукми тифли мурда бадунёомадаро дорад. Аммо агар узвҳои бадан ва хилқати ҷисмониаш ҳанӯз пайдо нагашта бошанд, дар порчае печида, бе номгузорӣ, шустан ва намози ҷаноза дафн карда мешавад. Агар пас аз таваллуд нишонаҳои ҳаёт, ба мисли ҷунбиш, нафасгирӣ, садои гиря ва ғайра дар тифл мушоҳида шаванд ва ё вақте бештари баданаш берун меояд, зинда бошад ва пас аз он бимирад, аҳкоми зинда бар вай ҷорӣ мегарданд, ба ин маъно, ки номгузорӣ, шуста ва бо намози ҷаноза дафн карда мешавад.
Ба ҷой овардани эҳтиром ба ҷасади мурдаи одамӣ, ниҳон кардани он аз чашми мардум, эмин доштани он аз тааррузи душманон ва аз шарри ҳайвоноти лошахор, пешгирӣ аз идомаи ғаму андӯҳи наздикон ва дӯстон ва ҷилавгирӣ аз интишори бӯи бад ва роиҳаи нохуши ҷасади вай пас аз пӯсидан ва вайрон шудан аз ҷумлаи ҳикматҳои шаръии дафни мурдагон аст. Аз ин хотир, дини ислом ба пайравонаш супориш дода, ки вақте ҷасади одамӣ, кофир ҳам, ки бошад, бесоҳиб ва дафнношуда боқӣ монад, онро ба риояи каромати инсонӣ дар порчае печида, дафн намоянд.
Ба фармудаи Қуръон аввалин касе аз фарзандони Одам (ъ), ки дар замин дафн гардид, Ҳобил буд. Пас аз пазируфта шудани қурбониаш аз сӯи Худо бародараш Қобил ӯро ба душманӣ гирифт ва дар саҳрое ба қатл расонд ва ҷасадашро бо роҳнамоии зоғе ба зери хок дафн намуд (Моида, 5: 27–31).
Ад.: А. Боқизода, Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев