(Аломатҳои рӯзи қиёмат)
Дар таълимоти ислом аз рӯзе хабар дода шуда, ки дар он ҳаёти мавҷудоти зинда, аз ҷумла инсон, дар ин дунё ба поён мерасад, назми куллии коинот фурӯ мерезад, пас аз он назми наве дар олам ба кор андохта мешавад ва рӯзи охират ва ё қиёмат барпо мешавад. Пас ногузир қабл аз фаро расидани он рӯз ҳаводиси дигаре дар рӯи замин ва дар коинот ва ҳамин тавр дар ҷомеаи башарӣ ва рафтори инсонӣ ба вуқӯъ мепайванданд, ки ҳама аз наздик шудан ва ё фаро расидани он рӯз хабар медиҳанд ва дар омӯзаҳои динӣ ба онҳо аломатҳо ва нишонаҳои қиёмат ва ё ашроти соат – заминаҳо ва муқаддимоти фарорасии рӯзи қиёмат гуфта мешавад. Ин нишонаҳо бино бар ҳаҷми фарогирӣ ва шиддати сангинии вуқуъ ба аломатҳои хурду бузург ҷудо мешаванд, ки дар Қуръон аз чанд аломате аз нишонаҳои бузурги он ё бо ишораи гузаро ва ё бо тафсили бештаре ва дар суннати набавӣ аз тамоми онҳо ба таври дақиқ хабар дода шудааст, гарчи дар баъзе мавридҳо бе тафсил буда.
Дар таълимоти Суннат даҳ ҳодиса аз ашроти соат – нишонаҳои бузурги рӯзи қиёмат гуфта шуда ва дар ривояте аз паёмбар (с), ки аз роҳҳои гуногун собит шуда, ба онҳо ишора шудааст, он ҷо ки мефармояд: «Қиёмат барпо нагардад, то даҳ оят ва нишонаро пеш аз он бубинед. Он гоҳ Духон (дуд), Даҷҷол, Добба (туларз), тулуи офтоб аз мағрибаш, нузули Исо писари Марям (а), Яъҷуҷу Маъҷуҷ ва се хасф – фурӯравии замин: хасфе дар машриқ, хасфе дар мағриб ва хасфе дар Ҷазиратулараб ва оташеро зикр намуд, ки охирини онҳост, аз (қаъри чоҳе ва ё пасттарин нуқтаи замин дар Адан дар) Яман хориҷ мешавад ва мардумро ба сӯи маҳшаргоҳ меронад» (Саҳеҳи Муслим, 7214 (2901)-39, 7215 (000)-40).
Он ҳаводис ва таҳаввулоте, ки дар миқёси ҷахонӣ ба амал меоянд, баъзе ба ҳаёти мардум ва дигаргуниҳои иҷтимоии башар бастагӣ доранд ва баъзе дигарашон ба низоми ҷаҳони ҳастӣ алоқаманд мебошанд. Он таҳаввулот ва рӯйдодҳои ғайриодие, ки ба гунае ба ҳаёти мардум бастагӣ доранд ва пеш аз фаро расидани рӯзи қиёмат ба вуқӯъ мепайванданд, аз наздикии он рӯз хабар медиҳанд ва дар таълимоти исломӣ ба ашроти соат маъруфанд. Баъзе таҳаввулоти бузурге низ дар низоми ҷаҳони ҳастӣ ба вуқӯъ мепайванданд, ки нишонаи хотимаи ҳаёти дунё ва оғози ҳаводиси рӯзи қиёмат ба шумор меравад, ба монанди пайдоиши дуде дар осмон, хуруҷи ҷонваре бо номи Доббатуларз ва тулуи офтоб аз сӯи офтобшин.
Пас аз он қиёмат барпо мешавад ва ҳаводисе, ба монанди ба ҳам печида шудани осмон, табдил дода шудани замину осмон ба ғайри худ, фурӯ пошидани ситорагон ва дигар рӯйдодҳое, ки ба фурӯ рехтани назми ҳоким бар коинот ва раванди барпоии қиёмат тааллуқ доранд, пайи ҳам ба вуқӯъ мепайванданд. Ин ҳаводис аз ашроти соат ба шумор намераванд, балки раванди барпоии қиёматро ташкил медиҳанд ва дар сураҳои мухталифе аз онҳо хабар дода шудааст.
Нишонаҳои рӯзи қиёмат ба ду гурӯҳ: хурд ва бузург ҷудо мешаванд. Нишонаҳои хурд хеле бисёранд, муддатҳо пеш аз нишонаҳои бузург ба амал меоянд ва баъзе аз онҳо аз ҷиҳати ҳаҷм ва шиддат ба андозае ҳастанд, ки дар ҷой ва сарзамине ба вуқӯъ меоянд, дар ҷои дигаре не, қавм ва мардуми минтақае онро дарк мекунанд, қавми дигаре не. Муҳаққиқони соҳа нишонаҳои хурди қиёматро аз ҷиҳати вуқӯи замониашон ба се кисмат ҷудо ва замонбандӣ кардаанд:
1. Нишонаҳои дур ва мурод аз онҳо он аломоте аст, ки дар замони гузаштаи дур ва бо фосилаи замонии зиёде пеш аз қиёмат ба вуқӯъ пайвастаанд, ба монанди фиристода шудани паёмбари акрам (с) (Саҳеҳи Бухорӣ, 5301, 6503–6505; Саҳеҳи Муслим, 7329–7334 (2850)-132–135), вафоти он Ҳазрат (с) (Саҳеҳи Бухорӣ, 3176), шақ – ду пора шудани моҳтоб (Қамар, 54: 1–2; Саҳеҳи Бухорӣ, 3636–3638, 3868–3871; Саҳеҳи Муслим, 7002–7004 (2800)-43–45, 7007–7009 (2802)-46–47), инқирози саҳобаи киром (р) (ба поён расидани давраи ҳаёти онҳо) (Саҳеҳи Муслим, 6413 (2531)-207), фатҳи Байтулмуқаддас (Саҳеҳи Бухорӣ, 3176), фурӯ рехтани шарру (фитна) аз осмон бар сари мусулмонон (Мусаннафи Ибни Аюушайба, 38554), ки баъзе муҳаққиқон намуна ва мисдоқи онро дар зуҳури каналҳои моҳвораӣ ва сели барномаҳои гумроҳкунандаи онҳо мебинанд, зуҳури ҳавориҷ (Саҳеҳи Бухорӣ, 3611; Саҳеҳи Муслим, 2459–2465 (1066)-154–157), хуруҷи оташи бузурге аз сарзамини Ҳиҷоз (Саҳеҳи Бухорӣ, 7118) ва ғ.;
2. нишонаҳои миёна ва мурод аз онҳо аломоти хурде аст, ки ба вуқӯъ омада, ҳанӯз идома доранд ва баъзе аз онҳо дар ҳоли афзунӣ ва шиддат аст, ба монанди афзоиши қатлу куштор (Саҳеҳи Муслим, 7233–7232 (2908)-55–56), аз баён рафтани амонат ва бардошта шудани амонатдорӣ аз дилҳо (Саҳеҳи Бухорӣ, 6497, 7086; Саҳеҳи Муслим, 365 (143)-230), пайравӣ аз расму ойини умматҳои гузашта ва дубора сар бардоштани андешаҳо ва роҳу рафтори миллатҳои бостон (пеш аз ислом) (Саҳеҳи Бухорӣ, 3456, 7319–7320; Саҳеҳи Муслим, 6723 (2669)-6), зуҳури занони бараҳна ва нимабараҳна (косиётун ориёт) (Саҳеҳи Муслим, 5547, (2128)-125, 7123 (2128)-52), маҳдуд шудани салому алек бар хосса – дӯстон ва шиносони шахс (Саҳеҳи Ибни Хузайма, 1326, ҳадис бо шавоҳидаш саҳеҳ аст; Муснади имом Аҳмад, 3870, 3982), равнақ ёфтани тиҷорат, мушоракати зан бо шавҳараш дар он ва сайтараи баъзе тоҷирон бар бозорҳо (Муснади имом Аҳмад, 3870, 3982), шаҳодати бар дурӯғ додан (Саҳеҳи Бухорӣ, 2654, 5976; Саҳеҳи Муслим, 255–257 (87–88)-143–144), зиёд шудани ҳирсу бухл, қатъи силаи раҳм ва суи ҷавор (бадҳамсоягӣ) (Муъҷаму-л-авсати Табаронӣ, 752; Муснади имом Аҳмад, 6514, 6872), хоин шумурдани амонатдор ва амин донистани хоин (Муснади имом Аҳмад, 6514, 6872), ҳалок – нобудии бузургон, наҷибзодагон ва аҳли андешаи солим ва афзудани аҳли ҷаҳолат ва сифлагон (Мустадраки Ҳоким, 8644) ва ғ.;
3. нишонаҳои хурде, ки ҳанӯз ба вуқӯъ наёмадаанд, ба монанди берун овардани замин ганҷҳои худро (Саҳеҳи Муслим, 2338 (1013)-62), зуҳури хасф, масх ва қазф дар уммати ислом (Сунани Тирмизӣ, 2212), бориши бороне, ки ҳеҷ хонае, ба ҷуз хонаҳои аз пашм, аз он паноҳ надиҳад (Муснади имом Аҳмад, 7554 (7564), фитнае, ки арабро фаро гирад (Сунани Абудовуд, 4267; Сунани Тирмизӣ, 2178, Тирмизӣ ҳадис бобро ғариб ва дигар тахриҷгарон заъиф гуфтаанд), макшуф шудани (дарёи) Фурот аз (рӯи) кӯҳе ва дар ривояте: ганҷе аз тилло (Саҳеҳи Бухорӣ, 7119; Саҳеҳи Муслим, 7201–7205 (2894–2895)-29–32), фаро расидани замоне, ки дар он одамӣ дар миёни ду роҳ – ихтиёри аҷзу сахтӣ ё фуҷуру бадкорӣ дармемонад (7730 (7744), 9766 (9767, исноди ҳадис дар ин бора заъиф аст), табдил шудани Ҷазиратулараб ба марғзорҳо ва наҳрҳо (Саҳеҳи Муслим, 2336 (157)-60; Муснади имом Аҳмад, 8819 (8833), 9384 (9395) ва ғ.
Аз ҷумлаи нишонаҳои хурди рӯзи қиёмат маҳв шудани аркон ва шаоири ислом, бардошта шудани илми дин ва рафъи Қуръон (Сунани Ибни Моҷа, 4049), зуҳури ҷаҳл (Саҳеҳи Бухорӣ, 7062–7066;), зиёд шудани шаробхорӣ, ривоҷи фаҳшову зино (Саҳеҳи Муслим, 6726–6740 (2671–2672, 157, 2673)-8–14), кам шудани ҷинси мард ва зиёд гардидани нисбати занон (Саҳеҳи Бухорӣ, 81; Саҳеҳи Муслим, 6726 (2671)-9), зиёд шудани молу дороӣ, то андозае, ки одам ҷои сарфи закоташро пайдо намекунад (Саҳеҳи Бухорӣ, 1412–1414; Саҳеҳи Муслим, 2335–2336 (1012–157)-59–60), кӯтоҳ гардидани замон (Саҳеҳи Бухорӣ, 6037; Саҳеҳи Муслим, 6733 (157)-11), даст ёзидани мардуми пойлуч, бараҳна, тангдаст ва чӯпон ба ободиҳо, биноҳо ва сарварии мардум (Саҳеҳи Муслим, 99 (10)-7), бисёр шудани ҳаводиси марги муфоҷот (маргу мири ногаҳонӣ) (Муъҷаму-с-сағири Табарон, 1133), хуруҷи даъвогарони паёмбарӣ (дурӯғгӯён ва даҷҷолон – фиребгарон) (Саҳеҳи Бухорӣ, 3609; Саҳеҳи Муслим, 7271 (157)-84), ҷанг бо туркон (Саҳеҳи Бухорӣ, 2927–2928; С. М., 7239–7243 (2912)-62–66), зуҳури золимоне, ки мардумро бо тозиёна мезананд (), зодани зан мавло ва сарпарасти худро (Саҳеҳи Муслим, 5547 (2128)-125, 7123 (2128)-52), китмони шаҳодати ҳақ (Муснади имом Аҳмад, 3870), зуҳури фуҳш – бадзабонӣ, бадгӯӣ ва дағалии гуфтор (Муснади имом Аҳмад, 6514, 6872), бепарвоӣ нисбат ба сарчашмаи мол, ки он аз ҳалол ба даст омадааст ё аз ҳаром (Саҳеҳи Бухорӣ, 2059, 2083), нофор ва бо дили нохоҳ пардохтани закот ва онро барои худ зиён пиндоштан, эҳтироми мард ба хотири эмин мондан аз шарри вай, итоати ҳамсар ва нофармонии модар, ба худ наздик сохтани дӯстон ва аз худ дур намудани падарон, баланд кардани сару садо дар масҷидҳо, сарварии фосиқон бар қабоил (Сунани Тирмизӣ, 2211, ҳадисеро, ки ин панҷ аломат дар он зикр шуда, Тирмизӣ ғариб ва дигарон заъиф гуфтаанд, вале он бо шавоҳиде, ки дорад, ба дараҷаи ҳадиси ҳасан мерасад), ҳалол донистани зино, шаробхорӣ, пӯшидани ҳарир барои мардон ва абзорҳои мубтазал (ночиз, беқадр; паст, беарзиш)-и мусиқӣ, ки ҳама дар шаръ ҳаром ҳастанд (Саҳеҳи Бухорӣ, 5590), орзуи марг аз сӯи мардум (Саҳеҳи Бухорӣ, 7115; Саҳеҳи Муслим, 7230–7231 (157)-53–54), омадани замоне, ки кас дар он ба саҳар муъмин ва ба бегоҳ кофир мегардад ё бегоҳ муъмин аст ва субҳ кофир мегардад ва дини худро бо матои нопойдоре аз дунё мефурӯшад (Саҳеҳи Муслим, 309 (118)-186), тазйин ва музахраф намудани масҷидҳо ва ифтихор ба он (Сунани Абудовуд, 448, 449; Сунани Ибни Моҷа, 739), зиёд шудани ҳаводиси соиқа (оташрезӣ, оташак) (Муснади имом Аҳмад, 11643 (11620), афзоиши китобат ва равнақ ёфтани кори қалам (Муснади имом Аҳмад, 3870), касби мол бо забон (Муснади имом Аҳмад, 1517), бисёр шудани хонандагон ва кам гардидани фақеҳон ва донишмандон (Мустадраки Ҳоким, 8460; Муъҷаму-л-авсати Табаронӣ, 3277), ба сарварӣ расидани сафеҳон (Муснади имом Аҳмад, 14494 (14441), 15358 (15284); Мустадраки Ҳоким, 8351), роҳрав қарор додани масҷидҳо (Мустадраки Ҳоким, 8644, ҳадиси ривоятшуда дар ин бора бо маҷмӯи шавоҳидаш ҳасан аст), ба ҳам наздик гаштани бозорҳо (Муснади имом Аҳмад, 10735 (10724; Маҷмаъу-з-завоиди Ҳайсамӣ, 12450), таҳоҷум ва рехтани миллатҳо бар (сари) уммати ислом (Сунани Абудовуд, 4297), ақибкашӣ ва гурези мардум аз имомат дар намоз (Сунани Абудовуд, 581, санади ҳадиси бобро заъиф гуфтаанд), зиёд шудани зилзилаҳо (Саҳеҳи Бухорӣ, 1036), вуқӯи танокур (якдигарношиносӣ) дар миёни мардум (Муснади имом Аҳмад, 23694 (23306), бисёр шудани фарбеҳӣ дар мардум (Саҳеҳи Бухорӣ, 2651, 3650, 6428; Саҳеҳи Муслим, 6422 (2535)-214), обод шудани Байтулмуқаддас, хароб ва муддате аз сакана холӣ гаштани шаҳри Ясриб (Мадина) (Сунани Абудовуд, 4294), баробари кӯҳҳо ё баландтар аз он бардошта шудани биноҳои Макка ва канда шудани роҳравҳои зеризаминӣ, гузаргоҳҳо ва шабакаҳои бузурги интиқоли об дар кӯҳҳо ва зери замини он (Мусаннафи Ибни Абушайба, 14306, 38387), хароб сохта шудани хонаи Каъба ба дасти марде аз Ҳабаша (Саҳеҳи Бухорӣ, 1591, 1596; Саҳеҳи Муслим, 7234–7236 (2909)-57–59), фано – нобудии қабилаи Қурайш (Сунани Абудовуд, 8418 (8437), муддате матрук гардидани фаризаи ҳаҷ (Саҳеҳи Ибни Ҳиббон., 6715) ва ғ. мебошанд, ки дар ҳадисҳои саҳеҳ аз Паёмбар (с) ривоят шудаанд.
Расули Худо (с) дар бораи нишонаҳои хурду бузург ва он ҳаводисе, ки пеш аз рӯзи қиёмат ба амал меоянд, ба тафсил сухан гуфтааст ва онҳо ҳама муъҷизоти пешгӯикардаи он ҳазрат (с) ба шумор мераванд. Муҳаққиқони соҳа, ба монанди Ибни Абдурраҳмони Арифӣ (ё Урайфӣ) бо истинод бар аҳодиси саҳеҳи ин боб 131 аломат аз нишонаҳои хурди пеш аз қиёматро дар се қисмати он баршумурдааст (Муҳаммад ибни Абдурраҳмони Арифӣ. Ниҳояту-л-олам: Ашроту-с-соати-с-суғро ва-л-кубро. – Риёз, 2011), уламои дигаре аломатҳои бештар ва баъзе аз онҳо то 280 аломатро дар он ҷумла зикр кардаанд.
Инҳо нисбат ба ҳаводиси бузурге, ки пас аз онҳо ба вуқӯъ мепайвандад, ба сурати одитаре ба амал меоянд, вагарна бисёр боаҳаммият ва дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ дорои таъсироти фарогире мебошанд.
Аксари аломатҳои пеш аз қиёмат аз накбатҳо1, мусибатҳо ва фаҷоее хабар додаанд, ки ба сари ҷомеаи башарӣ дар умум ё ба сари ҷавомеъ ва ақвоми муайяне аз он бо мурури замон фуруд меоянд, вале дар порае аз онҳо ба пешрафтҳо ва таҳаввулоти иҷтимоие низ ишора шуда, ки башарият дар рафти сайри такомулии худ ба онҳо ноил мегардад, гарчи аҳёнан аз пайомадҳои манфии иҷтимоӣ ва ноҳинҷориҳои рафторие, ки баъзе аз онҳо ба ҳамроҳ доранд ё дар канори онҳо ба зуҳур мерасанд, ёд шудааст, ба монанди иртифои биноҳои Макка, канда шудани нақб (нафақ)-ҳо ва гузаргоҳое дар қалби кӯҳҳои он ва ҳадисе, ки Паёмбари акрам (с) дар он фармуда: «Дар охири умматам мардоне меоянд, ки бар зинҳо (-и калон)-е шабеҳ ба зинҳои чаҳорпоён савор ва бар дари масҷидҳо фуруд меоянд ...» (Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, 5723; Муснади имом Аҳмад, 7083; М. к. Ҳ., 8395. Ҳадисро Шуъайб Арноут ҳам дар Саҳеҳи Ибни Ҳиббон ва ҳам дар Муснади имом Аҳмад заъиф гуфта, вале Ҳайсамӣ ривояти имом Аҳмадро дар «Маҷмаъ» ва тахриҷгарони Саҳеҳи Ибни Ҳиббон дар нашри «Байту-л-афкори-д-давлия»-и он ҳадисро саҳеҳи ҳасан гуфтаанд). Инҳо маркабҳое буда, ки дар замони расули Худо (с) вуҷуд надоштаанд ва он ҳазрат (с) аз мавҷудият ва пайдоиши онҳо дар охири уммат хабар додааст. Бинобар ин, баъзе уламо онҳоро бар васоили нақлияи имрӯза танзил намудаанд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Аз Абиҳурайра (р) қола: Қола Расулуллоҳ (с).а.в.гуфтааст;
«Хайру явмин талаат алайҳиш шамсу явмул ҷумъати. Фиҳи хулиқа Одам. Ва фиҳи удхилал ҷанната ва фиҳо ухриҷа минҳо.
Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: «Беҳтарин рўзе, ки дар он офтоб мебарояд, ин рўзи ҷумъа аст. Дар рўзи ҷумъа Одам (а) офарида шуд, ба ҷаннат дароварда шуд ва аз ҷаннат бароварда шуд». (ривоти Муслим)
Аз ин мебарояд, ки беҳтарин рўзҳои ҳафта ин рўзи ҷумъа аст.
Дар рўзи ҷумъа яке аз фарзҳои Худованд аст, ки ҳамаи мусалмонон ба фарз будани он ҷамъ омадаанд. Ва ин фарз намози ҷумъа аст. Ҳар касе, ки аз рўи бепарвоӣ, беаҳмиятӣ ва ё муҳаббати кори дунё намози ҷумъаро тарк мекунад, Худованд ба дили ў мўҳр мегузорад. Чуноне ки дар ҳадиси саҳеҳ омадааст:
«Хатамаллоҳу ало қалбиҳи». Ҷазояш ин аст, ки Худованд дар дили ў мўҳр мезанад, чуноне ки дар ҳадиси саҳе...ЕщёРўзи ҷумъа фазилатҳои зиёд дорад. Дар ҳадисе, ки аз Аби Ҳурайра (р) омадаасту онро Имом Муслим (р) ривоят кардаанд, омадааст:
Аз Абиҳурайра (р) қола: Қола Расулуллоҳ (с).а.в.гуфтааст;
«Хайру явмин талаат алайҳиш шамсу явмул ҷумъати. Фиҳи хулиқа Одам. Ва фиҳи удхилал ҷанната ва фиҳо ухриҷа минҳо.
Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: «Беҳтарин рўзе, ки дар он офтоб мебарояд, ин рўзи ҷумъа аст. Дар рўзи ҷумъа Одам (а) офарида шуд, ба ҷаннат дароварда шуд ва аз ҷаннат бароварда шуд». (ривоти Муслим)
Аз ин мебарояд, ки беҳтарин рўзҳои ҳафта ин рўзи ҷумъа аст.
Дар рўзи ҷумъа яке аз фарзҳои Худованд аст, ки ҳамаи мусалмонон ба фарз будани он ҷамъ омадаанд. Ва ин фарз намози ҷумъа аст. Ҳар касе, ки аз рўи бепарвоӣ, беаҳмиятӣ ва ё муҳаббати кори дунё намози ҷумъаро тарк мекунад, Худованд ба дили ў мўҳр мегузорад. Чуноне ки дар ҳадиси саҳеҳ омадааст:
«Хатамаллоҳу ало қалбиҳи». Ҷазояш ин аст, ки Худованд дар дили ў мўҳр мезанад, чуноне ки дар ҳадиси саҳеҳ Имом муслим ривоят кардаанд.
Ва агар Аллоҳ дар дили ў мўҳр занад, дар назди ў кори хуб ва кори бад ҳама баробар аст. Яъне байни неку бад дигар фарқ карда наметавонад. Барои ҳамин дар рўзи ҷумъа намози ҷумъаро хондан зарур аст.
Инчунин дар рўзи ҷумъа як соате ҳаст, ки дар он дуои инсон иҷобат мешавад.