ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ МЭХ
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ МЭХ
Одамони кадим бо сифати асбобхои хисобкуни аз чубхо, сангчахо, тасмахои сўрохдор, ресмонхои гирехдор ва гайрахо истифода мекарданд. Такрибан 1500 сол мукаддам асбоби хисобкунии чут (счёт) пайдо шуд, ки аз он то хол истифода карда мешавад.
Соли 1642 олими фаронсави Блез Паскал мошини механикии хисобкуниро ихтироъ намуд, ки вай ададхои то хашт ракам доштаро чамъ мекард. Соли 1694 математики олмони Готфрид Вилгелм Лейбнитс мошини ихтирокардаи Паскал – ро такмил дода, мошини механикиро сохт, ки вай амали чамъ ва зарбро ичро мекард. Соли 1820 олими фаронсави Чарлз Калмар арифмометрро сохт, ки вай чор амали арифметикиро ичро мекард. Дар нимаи авали асри 19 математики бузурги англис Чарлз Беббич лоихаи мошини универсалиеро сохт, ки онро худи ў мошини аналитики номид.
Мошини Ч. Беббиљ аз рўйи хусусиятхо ва кисмхои пешбинишудааш ба мошинхои хисоббарории муосир хеле шабохат дошт. Он ба монанди компютерхо хотира, кисми коркардабароии маълумот, кисми дохилкуни ва хоричкунии маълумот ва гайраро сохиб буд. Хатто барои ин мошин барнома низ сохта шуда буд. Онхо аз тарафи аввалин барномасозии чахон, духтари шоири инглис Чорљ Байрон – Ада Лавлейс навишта шуда буд. Имрўз ба шарафи ин хонум номи яке аз забонхои барномасози «Ада» гузошта шудааст.
Ба гайр аз мошинхои механики боз мошинахои хисоббарории механикию электромеханики пайдо шуданд, ки онхо барои халли масъалахои гуногун истифода карда мешуданд.
Соли 1937 олимони амрикои Чорљ Атанасов ва Клиффорд Бери ба сохтани мошини хисоббарории электрони сар карда, соли 1940 онро сохтанд, ки барои халли масъалахои физикию математики пешбини шуда буд. Онхо пешниход карданд, ки барои инъикоси ададхо аз системаи дуи истифода карда шавад.
Мошинаи пуриктидори ЭНИАК соли 1945 дар Донишгохи Пенсилванияи ИМА тахти рохбарии П. Эккерт ва Ч. Моучли сохта шуд.
Бо хамин карни МЭХ кадамхои аввалини худро гузошт.
Наслхои МЭХ. МЭХ – хо вобаста аз базаи омили, зудкори, хачми хотира ба наслхо чудо карда мешаванд. Ин чудокуни хеле шарти буда, компютер метавонад, аз рўйи базаи омилиаш ба як насл ва аз рўйи хосиятхои сохтор ба насли дигар мансуб бошад.
Ба характеристикахои асосии МЭХ зудкори ва хачми хотираи фаври дохил мешавад. Зудкори – бо микдори миёнаи амалхои мошина, ки дар як сония ичро карда шудаанд, бахо дода мешавад. Хачми хотираи фаври - бо микдори калимахои мошини чен карда мешавад.
Дар замони хозира панч насл маълум аст:
Насли якум. Насли якуми МЭХ ба солхои 40 – 50-ум рост меояд. Базаи омили – лампахои элоктрони, зудкори – такрибан 100 амал/сония, хачми хотираи фаври – такрибан 100 калима, речаи истифодабари – монополи: захирахои мошини ва идоракунии он дар ихтиёри як шахс мебошад.
Насли дуюм. Насли дуюми МЭХ ба солхои 50 – 60-ум рост меояд. Базаи омили – транзисторхо, зудкори – такрибан 10 000 амал/сония, хачми хотираи фаври – такрибан 10 000 калима, хачми хотираи беруни (дискхо, лентахои магнити) – такрибан 10 млн.калима, речаи истифодабари – коркарди пакети, навишти барнома – забонхои алгоритми.
Насли сеюм. Насли сеюми МЭХ ба солхои 60 – 70-ум рост меояд. Базаи омили – схемахои интегралии калон, зудкори – такрибан 10 млн. амал/сония, хачми хотираи фаври – такрибан 10 млн. калима, хачми хотираи беруни – такрибан 10 млрд. калима, усули истифодабари – речаи вакти таксимкардашуда бо коркарди пакети.
Насли чорум. Аз солхои 70-ум сар карда насли чоруми МЭХ ба истехсолот рох ёфт. Базаи омили – схемахои интегралии аз хад калон, зудкори – такрибан як млрд. амал/сония, хачми хотираи фаври – такрибан 10 млн. калима. Усули кор – истифодабарии шаклхои шабакави ва алохидаи компютерхо.
Насли панчум. Лоихаи мошинахои насли панчум дар зинаи амалишави мебошад. Вале аллакай аз ин лоиха ва нусхахои тачрибавии МЭХ хулоса баровардан мумкин аст, ки дар ин чо зудкори бо хулосабарорихои мантики омехта гардонида мешавад. Усули муносибати байни истифодабаранда ва МЭХ – мубохиса бо усули мукаррарии муоширати байниодами мубаддал мегардад. Фанни барномасози хамчун илм дар оянда барои истифодабарандагони МЭХ ахамияти актуалии худро гум мекунад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев