Як бемор доштам духтараки тахминан 15 ё 16 сола буд.. Духтараки ҳушёру доно, вале бемориаш гузашта буд то хадди имкон барояш доруву дармон кардем бо хости Худо ҳолаш каме беҳтар шуд, баъд ҷавоб додем вале ҳамеша аз ҳолаш хабар мегирифтам.. Дар хонаашон низ табобат мегирифт.
Рафта-рафта ба духтарча чунон одат кардамки гуё духтари худам бошад.
Ҳар боре ки мерафтам барояш қиссаву ҳикояҳо нақл мекардам .
Як руз чун ҳарвакта ба диданаш рафтам духтарак ба ман гуфт:
-Духтур ман аз шумо хафа шудам.
Ман гуфтам барои чи духтарам?
-Гуфт чаро шумо аз илми исломи бохабар будаеду барои ман на омухтед?
Ман гуфтам духтари гулам! Агар ту хоҳи албатта ёд медиҳам ва аз ҳамон лаҳза шуруь кардем ба дарс хондан. Духтарак бо тамоми вуҷудаш дарсро аз худ мекарду аз ҳар бобат саволборонам мекард. Рузе гуфт:
Устод агар хазрати Азроил ба суроғам оянд ман кадом корро бояд анҷом диҳам.? Чун ҳолаш боз бад шуда буду худаш мефаҳмид, ки умраш ба охир расида истодааст.
Пас ман гуфтам:
Инро хоҳ ҷавон хох пир бояд бидонад, ки ҳангоми назьи, ҷон бояд инсон "Калимаи шаҳодат''-ро бихонад.
Инро гуфтаму аз пешаш рафтам раҳораҳ ҳайрон мешудам ба оромии ин духтарак. Субҳ вақте, ки мехостам ба кор равам модари он духтарак занг зада ҳолати вазнин доштани духтарашро ва аз нафаси суньи гирифтан саркаши карданашро гуфт. Зуд онҷо рафтам дидам, ки бисёр ҳолаташ бад шуда ҳатто аз ҷояш хеста наметавонад.
Гуфтам:
Духтарам чаро нафаси суньиро нагирифти?
Гуфт:
Метарсам, ки аҷал ба суроғам ояду ман натавонам калимаи шаҳодатро бигуям.
Ман гуфтам бояд нафаси суньиро бигири ва якчанд доруҳои таскинбахшанда гузаронидам андаке ором шуд ва боз ба пурсидан даромад .
Устод фариштаи марг чи хел сурат дорад?
Гуфтам:
Натарс духтарам у як фариштаи Худо аст чеҳраи зебо ва нурони дорад ва шахси мусалмонро азоб намедиҳад инро гуфтаму ашк аз чашмонам ҷори шуд ва қоил шудам ба ин духтараки ҷавон ки худашро тамоман омода карда буд.
Рузи дигар сафари дуруза маро пеш омад рафта дидам ки ҳоли духтарак каме хуб аст хайрухуш намудаму рафтам ба сафар. Ҳушу ёдам ба ин духтарак банд буд, ду руз гузашт рузи дуюм саҳари модараш занг зад ва аҳволи духтарашро вазнин гуфт. Зуд ба роҳ баромадам вақте, ки расидам духтарак аллакай ҷон ба ҷонофарин таслим карда буд.
Ончунон ғаму ғусса фарогирам гашта буд он лаҳза , ки худам медонаму Худо
Агарчи медонистам дарди духтарак илоҷ надошт. Вақте, ки даромадам дидам мисли фариштаҳо хоб буд ва як зани солеҳае болои сараш нишаста буд, маро диду гуфт шумо духтур ҳастед?
Ман гуфтам бале. У гуфт духтарак вақтеки ҳолаш бад шудан гирифт одамонро аз пешаш дур кардем пас аз лаҳзае аз мисли онки аз кучое қувват гирифта бошад мисли одамони сиҳат аз ҷояш бархоста таҳорат гирифт ва ду ракьат намоз хонд ва сипас ба руи каташ дароз кашида суям нигоҳ карду гуфт:
Ба духтур бигуед, ки фариштаи марг аз гуфтаи у хам зиёдтар зебо будааст. Баьд калимаи шаҳодатро гуфта ҷон ба ҷонофарин таслим кард. Вақте, ки ин гапро шунидам бори дигар бовари намудам ки ин духтар дар ҳақиқат чунин як марги орому зеборо хоста буд аз Худои худаш ва Худои азза ва ҷалла уро ба орзуяш расонид.
Хоҳ нохоҳ ҳар ҷондор маззаи маргро мечашад пас аз Худои худ бихоҳем охири кори моро бахайр гардонаду ба вақти ҷон супурдан калимаи шаҳодатро бар забони мо ҷори гардонад..Омин....(?)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 10
Омин Омин