Ҷавон бо қаҳр аз хона берун шуд. Ҷавон ба хонаи дӯсташ рафт. Шаб ба тахти хоб рафт. Ғаму андуҳ қалбу ақли ҷавонро фаро гирифт. Субҳ шуд ва ҷавон ба сӯи донишгоҳ рафт. Ҷавон қабл аз ворид шудан ба донишгоҳ барои дилёбии падараш тариқи телефон чунин паёмаке равон кард; шунидам, ки кафи пойи инсон аз пушти пойи он нармтар ва латифтар аст. Оё иҷозат медиҳед, ки пойи шуморо бӯса бикунам, то дурустии иддаоро санҷиш бикунам.
Ҷавон бегоҳ ба хона меравад. Дарро боз мекунад. Падарро мебинад, ки чашмонаш пур аз ашк аст. Падар ба фарзандаш мегӯяд:
- Иҷозат намедиҳам, ки поямро бӯса бикунӣ. Вале ин иддао дуруст аст. Вақте ту кӯдак будӣ ва ман шахсан борҳо каф ва пушти пойҳои туро бӯса мекардам.
Чашмони ҷавон ҳам пур аз ашк мешавад ва падарашро оғӯш мегираду узрпурсӣ мекунад.
*** Ранҷиши падарро фаҳмидан душвор аст. Аз ин рӯ хело бодиққат бошед. Агар падар дар қайди ҳаёт бошад, барояш чун асое бош, ки қоматаш хамиро набинад. Ва агар аз дунё риҳлат карда бошад, пас барояш фотиҳаҳо бихон, то руҳаш аз ту шод гардад. Падар дарахтест, ки мева ҳам надиҳад, сояаш басанда аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6