Предыдущая публикация
Бисëр хато кардӣ, кунун тарки хато кун.
Айбу гунаҳи хеш, ки бисëр гузарондӣ,
Бо тавбаи даргоҳи худои ту сафо кун.
Имрӯз, ки ин дарди вабо бар сарат омад,
Кайфар бувад аз сӯи Худо тарси сазо кун.
Пиндошти, к-ин кори ҷаҳон бесару сомон,
Эй фосиқи бадкор, кунун сабри ҷазо кун.
Гарчанд, ки Раҳимаст вале хашмгир аст Ӯ,
Аз банди дилат тағмаи шайтонӣ раҳо кун.
Хоҳи, ки азоби ману ту қатъ бигардад,
Дар гӯшаи танҳои нишин, паст садо кун.
Эй, воқифи асрори замири ҳама дилҳо,
Дарде, ки худат додаӣ боз худ даво кун.
Аниси Ëқубиëн.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1