Ҳафтавори «Оила»-ро аз рӯзҳои аввали нашраш мехонам, он вақтҳо ман донишҷӯи курси аввал будам ва дар хонаи амакам мезистам. Зани амакам муаллимаи донишгоҳ ва мухлиси ашаддии «Оила» буданд, ман ҳам ҳафтаворро мехондаму баъд ҳамроҳи янгаам муҳокима мекардем. Ман баъзе қиссаҳоро бофтаи хаёли муаллиф медонистам, вале янгаам мегуфтанд, ки дар зиндагӣ корҳое мешаванд, ки дар навиштанаш қалам оҷиз аст. То ҳол ин анъана давом дорад, мешавад гоҳе ҳафтаворро фаромӯш мекунам, ки бихарам ва сар мезанам ба сомонаи «Оила». Чанде пеш дар он ҷо қиссаеро хондам бо номи ба «Ба зани 15 сол аз худам калон ошиқ шудам». Ана ҳамин қисса ва зершарҳҳои хонандагон маро маҷбур намуданд, ки қиссаи зиндагии хешро рӯйи коѓаз биёрам. Аксарият ба он мардҳое, ки ба занҳои аз худашон калон издивоҷ мекунанд, назари нек надоранд, онҳоро алфонс, тайёрахӯр, ҳатто бемории равонӣ меноманд, аммо ҳаргиз ин тавр нест… Ишқи аввал-ѓурраи сармозада Айёми мактабхонӣ ба ҳамсинфам Замира ошиқ шудам, ӯ духтараки пастқомати зардинаи серҷоѓе буд, аммо дар назари ман маликаи мактаб метофт. Беҳуда нагуфтаанд, ки Лайлиро ба чашми Маҷнун бинед, Замира низ нигоҳҳои ташнаи маро бо табассумҳои ширинаш об медоду диламро зиёдтар тасхир мекард. Оҳиста-оҳиста мо бо ҳам вомехӯрдем. Маҷнунбеди лаби дарё шоҳиди вохӯриҳои шабонаи мо буданд. Замира як одати бад дошт, ки худашро соҳиби ман ва маро моли шахсии худаш пиндошта, агар бинад, ки ман бо духтари дигар ҳамту гап мезанам ё шӯхӣ мекунамон, духтарро ба ҷанг даъват мекард, ё рӯканию мӯканӣ ташкил менамуд. Баъди хатми мактаб ман ба донишгоҳ дохил шудаму Замира дар деҳа интизори ман монд, ростӣ дуриҳо фикри маро дар бораи дӯстдоштаам дигар кард. Бо он гумону шубҳаву рашку итобе, ки вай дошт, зиндагӣ кардан ѓайриимкон буд. Зеро ҳар гоҳе ба деҳа равам, вохӯриҳои мо бо ҷангу ҷанҷол оѓоз меёфту ба охир мерасид, ман ҷавони духтарбоз набудам, ҳарчанд аз чизе камӣ надоштам. Аммо инро ба кӣ мегӯӣ? Замира умуман ба гапи ман гӯш намекард, оқибат ман ба ӯ гуфтам, ки роҳи худро биёбад, зеро ман бо ӯ хонадор намешавам. Аммо рӯзи дигар падару модари ӯ ба хонаамон омада, ба волидонам гуфтаанд, ки писари шумо духтари моро бадном карда, миёнаи роҳ карданист. Модарам маро хеле сарзаниш карданд, ки наход аз байни ҳамин қадар духтарони зебои деҳа ҳамон «мурдаи шавмонда»-ро хуш карда бошам. Аммо падарам рӯзи дигар ба хонаи онҳо хостгорӣ рафту баъди як моҳ тӯйи мо баргузор гашт. Ман донишгоҳро хатм кардам, дар маркази вилоят ба кор даромадам, аммо занамро, ки мехост ҳамроҳам ба шаҳр биёяд наовардам, ҳар вақте холӣ шавам, рафта меомадам. Замира ба тақдир тан дода, хизмати падару модарамро карда мегашт. Кори ман ҳам он қадар сердаромад набуд, ба зӯр ба иҷорапулӣ ва хӯрду хӯрокам мерасид. Зану писару духтарамро волидонам нигоҳубин мекарданд ва маро тасалло медоданд, ки рӯзе ҳамааш хуб мешавад. Мусибат Дар ин миён занам ба бемории дил гирифтор шуд, ду бор ҷароҳияш карданд. Дурӣ аз ман бемораш кардааст, гӯён ба ноҳия баргаштам, ҳамеша паҳлӯи ҳамсари беморам будам, то метавонистам дастгирияш кардам, вале ӯ оламро падруд гуфт. Се апаам кайҳо шавҳар карда, хонаи падариро тарк намуда буданд. Додарам зан гирифта, хонаашро баъди як сол ҷудо кард, дар манзили падарӣ волидонам монданду ду фарзанди ман.... ххххххх Ман дар пойтахт кор ёфта омадам, се сол на ёди зан кардаму на ба нигоҳи меҳрбори бонувон ҷавобе додам. Худамро назди рӯҳи Замира гунаҳгор эҳсос мекардам, зеро умраш бо умеди рӯзи неку ҳиҷрони ман гузашт. Падару модарам ҳамеша мегуфтанд, ки зани хубе ёфта, хонадор шавам, аммо онеро, ки дилам мехост, намеёфтам… Як рӯз баъди кор хостам пиёда то иҷорахонаам равам, бегоҳи баҳорон буд. Мардум серташвиш ба ҳар сӯ шитоб доштанд, миёни ин мардуми серташвиш, чашмам ба зане афтод, ки ниҳоят дилкаш буд. Қоматаш баланд, мӯйҳои сип-сиёҳи ғулияш парешон, худаш андешаманд оҳиста-оҳиста мерафт. Ӯро дарёб кардаму ба қавле гап додам, “қомат ҳам ин қадар зебо мешудааст а?” Ӯ ҳайрон ба ман нигариста ,бо ханда гуфт: -Агар ин гапро ягон пакана мегуфт, хайр буд, қади худат дар айнаки осмону...Ҳамин тавр ман бо Ганҷина ошно шудам, ҳамон бегоҳ ӯро то назди бинои истиқоматияш гусел кардам. Акнун ҷойи кори ӯро, ки дар як вазорати бонуфуз буд, медонистам ва ҳар бегоҳ пешвозаш мегирифтам, ман ба ин зани нозанин аз ҷону дил ошиқ шуда будам, вале дар рӯ ба рӯяш инро гуфта наметавонистам, ӯ ҳам бо ман мисли як дӯст муносибат мекард… Ишқи нобаробар Ман аллакай дар бораи ҳаёти Ганҷина чизҳои зиёдеро медонистам, ӯ зани дуюми як мансабдор будааст ва баъди марги ӯ ду духтару як писарашро худаш ба воя расонидааст. Шавҳараш барои ҳар фарзандаш хона харида монда будаасту Ганҷина онҳоро хонадор карда, калиди хонаҳояшонро ба дасташон додааст, худаш бошад, танҳо зиндагӣ мекунад. Писараш дар Аморати Мутаҳидаи Араб кору зиндагӣ мекардаасту хоҳаронашро бо домодҳояшон, ки яке писари амак ва дигаре писари аммааш аст, назди худ хондааст. Танҳо Ганҷина зиндагӣ дар диёри бегонаро ба калла нагирифтааст… Вақте бо баҳонае рақами телефони Ганҷинаро гирифтам, баъд телефонӣ ба ӯ изҳори ишқ кардам. Ӯ аввал маро хеле носазо гуфт, алфонсам хонд, чӣ гапҳое, ки нагуфт… Вале ман шаш моҳ шабу рӯз аз пушти вай давидаму оқибат дилашро ёфтам. Дилёбии чӣ, вай розӣ шуд, ки бо ман гап занад. Барои ман ҳаминаш кифоя буд, оҳиста-оҳиста меҳрубониҳои ман ба дили ӯ кора карданд, аммо як чизро ҳамеша пеши рӯям меовард, ки вай аз ман сездаҳ сол калон аст. Ду соли дароз мо фақат сӯҳбат мекардем, ман ҳатто дасти вайро нақапидаам, аммо ҳамин ишқ маро ба зиндагӣ дилгарм мекард, кӯшиш мекардам марде шавам, ки зани дӯстдоштаам аз ман шарм надорад. Барори кор Ман ҳеҷ вақт алофонс набудам ва аз Ганҷина, ки зани ба худаш тинҷи пулдор буд, ҳатто тӯҳфаеро қабул накардам. Ганҷина баъзан мегуфт, ки ман он қадар тӯҳфаҳои қимматбаҳоро дидаам, ки чашмам сер аст, ба ман самимият лутфу меҳрубонӣ намерасад. Ман ӯро дӯст медоштам ва бе гуфти худаш ҳам лутфу меҳрубониро аз сараш мерехтам. Дар иду ҷашнҳо ба ҷону ҳолаш намонда, барояш тӯҳфаҳои қимматбаҳо мехаридам. Ба тиҷорате машѓул шудаму корам омад кард, аввал хона, баъд мошин харидам. Пеш рафтам, модарам ҳар гоҳи ба ноҳия рафтанам ашк мерехт, ки зан бигир, инро ба Ганҷина гуфтаму ӯ модарамро дастгирӣ карда гуфт, ки ту бояд зан гирӣ, вале дили ман моли ӯ буд. Пас аз панҷ соли шиносоиямон Ганҷинаро ба никоҳам даровардам ва аз ман хушбахттар марде дар олам набуд. Ба фарзандону пайвандони ӯ шинос шудам, онҳо аввал издивоҷи моро хуш қабул накарданд, аммо баъдҳо бо ман унс гирифта ошно шуданд. Духтару писарам донишҷӯ шуданду ба пойтахт омаданд, барои онҳо низ хона харидам. Ганҷина мегӯяд, ки як хонаи дигар низ харидан лозим то ҳарду фарзандат бо хона таъмин бошанд. Падару модару пайвандони ман бо Ганҷина муносибати хуб доранд. Инак, шаш сол боз ман бо ҳамсарам зиндагии хушу хурсандона дорем. Ман ҳама пешравиҳоямро аз баракати ишқи ҳамсарам медонам, танҳо ба хотири ба ӯ маъқул афтодан ман ҷаҳду талош мекардам. Намедонам чаро дар ҷомеаи мо ин гуна издивоҷҳоро ба танз мекашанд ва мардонеро, ки бо зани аз худашон калон зиндагӣ доранд, таҳқир мекунанд. Ишқ сарҳаду ҷуѓрофиёву синну солро намепазирад, бовар кунед… Насибҷон
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2