Рўзе пиразане ба ҳузури паёмбар (с) расид ва арз кард : «оқибати ман дар қиёмат чӣ хоҳад шуд?» Паёмбар (с) фармуд пиразан ба биҳишт намеравад. Он зан нороҳат шуд ва аз ҳузури он ҷаноб дур гардид дар роҳ Билоли ҳабашӣ ўро гирён дид, аз ў пурсид чаро нороҳат ҳастӣ. Ҷараёнро гуфт. Билол гуфт : Набояд паёмбар (с) чунин фармуда бошад. Баргард ба ҳузураш биравем ва бори дигар бипурсем. Бо ҳам назди паёмбар (с) омаданд. Билол арз кард : эй расули худо ! Шумо ба ин пиразан чунин фармудаед ? Паёмбар (с) фармуд : «Оре ин ки саҳл аст, сиёҳ ҳам ба биҳишт намеравад».
Билол ҳам афсурдахотир шуд ва аз назди расули худо (с) мураххас шуд. Дар роҳ ибни Аббос ў ва пиразанро афсурда дид. Иллат пурсид, Билол ҷараёнро гуфт: Ибни Аббос гуфт: Расули худо (с) бо Шумо мазоҳ кардааст манзураш ин аст, ки пиразан ҷавон мешавад ва сиёҳ сафед мегардад ва сипас ба биҳишт мераванд, на ба ҳоли пирӣ ва сиёҳӣ. Онҳо фаҳмидаанд, ки паёмбар (с) бо онҳо мазоҳ кардааст, хушҳол шуданд. Пайомбар (с) бо он ҳама мақоми баланд бо мардуми мустазаъиф ин чунин бархўрди самимона дошт.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев