»
Дар ин ҳангом Ҷабраил (а) сурат ва нақшаи шаҳри Байтулмуқаддасро дар болаш барои Паёмбари Худо вонамуд сохт ва ў ба васф кардани он шурўъ намуда гуфт: «Дарвозае аз он ба чунин шакл дар чунин мавзеи он воқеъ аст ва дар чунин мавзеи он дарвозае ба чунин шакл аст». Сипас онон аз Паёмбари Худо дар мавриди корвони тоҷирони худ пурсиданд. Паёмбари Худо ба онон гуфт: «Аз канори корвони бани фалон гузаштам, онҳо дунболи шутури гумшудае мегаштанд ва ман ба назди борҳои онон наздик шудам ва ҳеҷ кас дар он ҷо набуд ва дидам, ки он ҷо зарфе пур аз об аст ва ман аз он нўшидам, шумо аз онҳо дар ин маврид бипурсед!». Гуфтанд: «Савганд ба Худо! ин нишонаи хубе аст. Сипас Паёмбари Худо дар суханаш идома дода гуфт: «Ба корвони бани фалон расидам ва шутурон бо дидани ман гурехтанд ва шутури наринаи сурхе хобида буд ва бар он ҷуволҳое буд, ки бо торҳои сафед дўхта шуда буд, намедонам шутури шикаста буд ё не? Аз онҳо дар ин бора бипурсед». Гуфтанд: «ин низ нишонаи хубе аст». Ва боз Паёмбари Худо фармуд: «Сипас ба назди корвони бани фалон аз Танъим расидам, ки шутури наринаи сафедранге, ки сиёҳӣ низ дар он дида мешуд, пешопеши корвон дар ҳаракат буд ва инак ҳам аз он сўи он теппа ба назди шумо хоҳад расид». Валид ибни Муғира гуфт: «Ў ҷодугар аст». Чун дар паи таҳқиқи он чӣ, ки Паёмбари Худо гуфта буд, баромаданд ва ба ҳақиқат ва дуруст будани он пай бурданд ўро ба ҷодугарӣ муттаҳам карданд ва гуфтанд: «Валид ибни Муғира рост мегўяд».[3]
ин воқеа барои бархе аз касоне, ки имон оварда буданд ва даъвати ҳақро тасдиқ карда буданд, озмоише буд. Чунончӣ баъзе муртад шуданд ва бархе аз мардумон ба назди Абўбакри Сиддиқ омаданд ва гуфтанд: «Дидед, ки ёри ту чӣ мегўяд? пддао дорад, ки ў имшаб ба Байтулмуқаддас рафта аст!».
Абўбакр (р) гуфт: «Оё ў ин суханро гуфта аст?». Гуфтанд: «Бале!». Гуфт: «Агар ин суханро гуфта бошад, рост гуфта аст!». Гуфтанд: «Ўро бовар мекунӣ, ки имшаб ба Байтулмуқаддас рафта ва боз пеш аз субҳ аз он ҷо баргашта аст?!».
Абўбакр (р) гуфт: «Бале, ман ўро аз ин ҳам бештар бовар мекунам, ки ўро аз осмон ҳар шабу рўз хабар меояд». Аз ин рў (Абўбакр разияллоҳу ъанҳу) Сиддиқ ном гирифт.[4]
[1]. Ал-асосу фи-с-сунна, Саъид Ҳавӣ, ҷ.1, саҳ. 291-292.
[2]. Муслим, 162.
[3]. Маҷмаъу-з-завоид, 75-76. пбни Ҳишом дар Сирати Набавия, 2\11.
[4]. Ҳоким, 3\62
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев