Меваҳои дарахтонашро мисли хумҳои минтақаи Ҳиҷр (номи минтақае аст, дар байни Макка ва Мадина, ки бо хумҳояш машҳур гаштааст) дидам ва баргҳои дарахтонашро монанди гӯши фил ва дар он чаҳор наҳри равон, ду наҳри таҳтонӣ ва ду наҳри фавқонӣ аст. Аз Ҷабраил (а) пурсидам, ки ин наҳрҳо чист? Гуфт: ин ду наҳри таҳтонӣ наҳрҳое аст, ки ба Ҷаннат мераванд (яке ба номи Кавсар ва дигарӣ ба номи Салсабил) ва ин ду наҳри фавқонӣ наҳрҳои Нил ва Фурот аст.
Баъд аз он Байтулмаъмур бароям ошкор гардид, ки дар он ҳама рӯза ҳафтод ҳазор малак дохил мегардад (дар як ҳадиси дигаре омада, ки аз ин ҳафтод ҳазор фаришта, ки ба он ҷо дохил мегарданд чун хориҷ мешаванд, дигар то дунё ҳаст барои онҳо навбати воридшавӣ ба онҷо намерасад), баъд аз он дар се зарф бароям шаробу шир ва асал оварданд ва ман аз он се зарф зарфи ширро интихоб намудам. Ҷабраил (а) гуфт: ин ҳамон дини пслом аст, ки дини ту ва дини умматат мебошад.
Баъд аз он барои ман дар ҳар рӯз панҷоҳ намоз фарз гардид ва чун баргашта ба Мусо (а) расидам, ӯ гуфт: Ба Худо қасам уммати ту тавон ва тоқати панҷоҳ намозро дар ҳар шабонарӯз надорад, чун ман пеш аз ту мардумро таҷриба кардам ва бо бани псроил бисёр бархурд доштам. Ту ба сӯи Парвардигорат баргард ва аз Ӯ таоло бихоҳ то бар умматат тахфифу сабукӣ ато намояд. Ман ба назди Парвардигорам баргаштам ва Ӯ таоло даҳ намозро аз ман соқит намуд. Ман ба назди Мусо (а) баргаштам ва ӯ ҳамон суҳанҳои пештар гуфтаашро бароям такрор намуд ва аз ман хост то ба назди Парвардигорам баргардам. Чун ман дубора ба назди Парвардигорам баргаштам, Ӯ таоло боз даҳ намози дигарро аз ман соқит намуд. Ва ҳамин тавр бори сеюму чаҳорум чун ба назди Мусо (а) омадам, ӯ бо ҳамон услуби пештара маро ба назди Парвардигорам барои тахфиф баргардонид ва ман ҳам ба назди Парвардигорам баргашта ва аз Ӯ таоло тахфиф пурсидам ва Ӯ таоло даҳ намозӣ бист вақт намози дигарро бароям тахфиф намуд ва ҳамин тавр дар ҳар шабонарӯз маъмур ба адои даҳ намоз гардидам. Вақте ба назди Мусо (а) омадам, ӯ боз ҳамон суханҳои аввал гуфтаашро такрор намуд ва маро барои баргаштан ва тахфифпурсӣ баргардонид ва ман чун аз Парвардигорам тахфиф пурсидам, маъмур ба адои панҷ вақт намоз гардидам. Боз ба назди Мусо (а) омадам ва ӯ пурсид, ки натиҷа чӣ шуд ва ман гуфтам, ки маъмур ба адои панҷ вақт намоз гардидам. Мусо (а) бароям тавсия дод, ки боз ҳам ба назди Парвардигорам баргардам ва тахфиф пурсам, чунки ӯ аз таҷрибаи бо бани псроил ҳосил кардааш фикр мекунад, ки уммати ман тавони дар ҳар шабонрӯз адо кардани панҷ вақт намозро надорад. Паёмбари Худо (с) мефармоянд: Он қадар аз Парвардигорам талаби тахфиф намудам, ки (аз талаби тахфифи бештар) ҳаё мекунам ва ба он чӣ, ки фарз аст розӣ ҳастам ва таслими ҳукми Ӯ таоло мебошам.
Ва чун аз он ҷо гузаштам, нидое омад, ки фаризаамро муаккад сохтам ва бар бандагонам тахфиф намудам.
Ҳодисаи псро ва Меъроҷ як сол қабл аз ҳиҷрати Паёмбари Худо (с) сурат гирифт.
Қозӣ Аёз дар китоби «Шифо» онро чунин овардааст:
Чун Паёмбари Худо (с) аз ин сафари муборакаш боз гашт, қавмашро огоҳ намуд ва дар маҷлисе, ки он ҷо Мутъим ибни Адий, Амр ибни Ҳишом ва Валид ибни Муғира ҳузур доштанд, гуфт:
«Ман имшаб намози хуфтанро дар ин масҷид гузоштам ва шабонгоҳ ба Байтулмуқаддас рафтам, он ҷо бо гурўҳе аз анбиё аз ҷумла, пброҳим, Мусо ва псо ъалайҳиму-с-салом намоз гузорида, бо онҳо сухан гуфтам».
Амр ибни Ҳишом масхараомезона гуфт: «Чӣ гунагии шаклу шамоили ононро барои мо васф намо!». Паёмбари Худо (с) гуфт:
«псо (а) марди миёнақад, шонапаҳн, соҳиби мўйи дароз ва сафедпўсти моил ба сурхӣ буд, гўё Урва ибни Масъуди Сақафӣ бошад. Аммо Мусо (а) бошад марди қадбаланди тануманд буда, дандонҳои суфтаи ба ҳам часпида ва лабҳои ба чеҳрааш муносиб дошт ва хашмрў ба назар меомад. Ва савганд ба Худо, ки аз рўи ахлоқ ва офариниш аз ҳама монандтарин ба ман пброҳим (а) буд». Гуфтанд: «Эй Муҳаммад! Байтулмуқаддасро барои мо васф намо!». Паёмбари Худо (с) фармуд:
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев