Паёмбар (с) фармудаанд: «Саҳифаҳои
Иброҳим (а) дар аввали моҳи Рамазон
фурўд оварда шуд. Тавроти Мўсо (а)
шашуми моҳи Рамазон фуруд оварда шуд.
Инҷили Исо ( а) сенздаҳуми моҳи Рамазон
фуруд оварда шуд. Забури Довуд (а)
ҳаждаҳуми моҳи Рамазон фуруд оварда
шуд ва Қуръон бисту чоруми Рамазон
фуруд оварда шуд»
. (Ривояти Табаронӣ).
Шарҳи ҳоли ровӣ:
Восила ибни Асқаъ ибни Каъби Лайсӣ
саҳобаи машҳури Пайғамбар (с) мебошад.
Восила пеш аз ғазваи Табук Исломро
қабул намуда, ҳамроҳи Пайғамбар (с) дар
ғазваи Табук ширкат кардааст. Ў аз аҳли
сўффа буд ва дар фатҳи Димишқ ва Ҳимс
ширкат намудааст. Сипас ба шаҳри Шом
рафт ва дар замони хилофати Абдулмалик
соли 83юми ҳиҷрӣ охирин саҳобае дар
Димишқ буд, ки аз дунё гузашт. Шарҳи
ҳадис Тамоми китобҳои осмонӣ, аз ҷумла
Қуръони карим ҳам дар моҳи Рамазон
фуруд омадааст. Баракати моҳи Рамазон
ҳам аз баракати Қуръони
карим мебошад. Рамазон баҳори Қуръон
ва наҷоти мўъминон аст. Мусулмонони
арҷманд бояд дар ин моҳи гуноҳсўз
бештар ба тиловати Қуръони карим
машғул бошем.
Азизони дил биёeд ба мо кумак кунед ва
Динамонро пеш барем мархамат ба ин гурух пайваст шавед.↓↓↓↓↓↓↓↓↓↓↓↓↓↓↓↓↓↓↓↓↓↓↓↓↓↓↓ m.odnoklassniki.ru/dk?st.cmd=altGroupJoin&st.groupId=54389447655438
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев