Предыдущая публикация
Дар роҳи ишқ толиби ранҷу бало бувад
Ҳар кӯрдил вазифа надорад зи тавқи ишқ
Ранҷу бало вазифаи аҳли вафо бувад
Он ошиқон ки солики роҳи ҳақиқатанд
Бар фарқашон зи нури ҳидоят ливо бувад
Дар роҳи дӯст ҷону сар аввалқадам диҳад
Ринде ки солики раҳи фақру фано бувад
Гар дӯст ҷон зи ошиқи мискин талаб кунад
Хандон ба пояш сар насупорад хато бувад
Дар кӯйи ёр ҳар ки фано шуд ба ёди дӯст
Дар мулку ҷоҳ хусрави мулки бақо бувад
Нозам ба ошиқе ки ба уммеди васли дӯст
Мансурвор бар сари дори фано бувад
Дарвешро зи сабҳаву саҷҷода фахр нест
Ин дому дона дархури шайхи риё бувад
Лоҳутӣ аст пайрави Аливу Оли Муҳаммад
Чанде дар ин хароба ба ҳукми қазо бувад
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев