Предыдущая публикация
Ҳар куҷо ҳасти нигаҳдорат Худо.
Нест касе аз ҳоли зорат бохабар,
Дӯсти аз ҳолат хабардорат Худо.
Гар нашуд осон корат ғам махур,
Мушкилосон кун ба ҳар корат Худо.
Дар сарат ояд балое хавф макун,
Аз балои бад панаҳ дорат Худо.
Ҳамчу Юсуф чоҳу зиндонат кунанд,
Аз чаҳу зиндон ба тахт орат Худо.
Чун шуди бемори дарди бедаво,
Маъюси бемор шифокорат Худо.
Эй Анис, домони худ покиза дор,
Рӯзи маҳшар ҳам харидорат Худо.
Аниси Ёқубиён.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев