Муҳаммад (с)-ро Бишнос
Ҳамду сано Худованди бузургро ва салавоту салом бар беҳтарини паёмбарон Муҳаммад (с) ва аҳли байту асҳобаш.
Хонандаи азиз! беҳтарин вақтҳое ки мо сипари мекунем ва худро машғули он месозем ин хондан ва саиру гашт дар сирати набави ва рӯзҳои Муҳаммади ҷовидона аст, дуруди бекарон бод, бар равони поки эшон ва аҳли хонадону пайравонаш.
Чун инсон саргузашти Паёмбар (с)-ро мехонад, ҳис мекунад, ки дар он замон зиндаги карда истодааст ва гуё ҳамаи он ҳодисаҳои бузурге, ки мусулмонон дар он замон аз сарашон мегузарониданд, онҳоро дар он ҳодисаҳо ҳамроҳӣ мекунад, ҳатто ҳис мекунад, ки яке аз онҳост.
Дар хондани саргузашти Паёмбар (с) инсон аз чанд чиз бохабар мешавад. Мисли шинохтани шахсияти Паёмбар (с) ва тариқаи ӯ дар ҳаёту зиндагияш, ва даъвати ӯ дар роҳи Худо, дар ҳолатҳои сулҳу ҷанг.
Инчунин хонандаи саргузашти Паёмбар (с), сабабҳои пирӯзиву мағлубшавиро мефаҳмад ва мефаҳмад, ки дар сурате, ки бар сараш чунин ҳодисаҳо биёяд, чигуна бояд рафтор ё амал кунад, чунки ӯ нуқтаҳои заъфу қувватро мефаҳмад.
Инчунин ба хондани саргузашти Паёмбар (с), мусалмонон боварияшонро аз даст намедиҳанд, ва таваккулу яқинашонро ба Худованд қавитар мегардонанд, ва яқин медоранд, ки агар онҳо тоати Худовандро мухлисона ба ҷо биёранд, Худованд онҳоро нусрат медиҳаду ҳамроҳи онҳо мебошад.
Чуноне ки Худованд мефармояд
:
ﭽيَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِن تَنصُرُواْ ٱللَّهَ يَنصُرۡكُمۡ وَيُثَبِّتۡ أَقۡدَامَكُمۡ ٧ﭼ [محمد: ٧]
«Эи муъминон! Агар нусрат диҳед дини Худоро, албатта нусрат медиҳад Худо шуморо ва собиту барқарор мекунад қадамҳои шуморо».
(Сураи Муҳаммад, ояти 7)
Инчунин Худованд боз мефармояд:
ﭽإِنَّا لَنَنصُرُ رُسُلَنَا وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَيَوۡمَ يَقُومُ ٱلۡأَشۡهَٰدُ ٥١ﭼ [غافر: ٥١]
«Албатта мо нусрат диҳем паёмбарони худро ва ононеро ки имон оварданд, дар ҳаёти дунё ва рузе, ки қоим шаванд гувоҳон» (яъне фариштагон гувоҳи медиҳанд).
(Сураи Ғофир, ояти 51)
Боз Худованд мефармояд:
ﭽوَلَيَنصُرَنَّ ٱللَّهُ مَن يَنصُرُهُۥٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَقَوِيٌّ عَزِيزٌ ٤٠ﭼ [الحج: ٤٠]
«Албатта нусрату ғалаба медиҳад Худо касеро ки қасди нусрат додани дини Худоро кунад, ҳамоно Худо қодиру ғолиб аст».
(Сураи Ҳаҷ, ояти 40)
Хонандагони азиз, ман дар ин чанд саҳифа каме аз саргузашти паёмбар (с)-ро ҷамъоварӣ кардам ва мақсадам ин аст, ки бародарону хоҳарони мусалмоне, ки дар ин бора маълумоти камтаре доранд, барояшон роҳи ба сӯи хондану маълумоти зиёдтар гирифтанро боз кунам.
Худованд мефармояд:
ﭽمُّحَمَّدٞ رَّسُولُ ٱللَّهِ٢٩ﭼ [الفتح: ٢٩]
«Муҳаммад расули Худост»
(Сураи Фатҳ, ояти 29)
***
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 13