Соли нуҳуми пас аз ҳиҷрат буд ва Паёмбари
Худо дар ҳаҷҷатул-видоаш, ки ягона ҳаҷҷи
фарзии намудаи бо ёронаш буд рӯ ба асҳобаш
намуда вазъ мегуфт ва ин ояти муборак ҳам
нозил шуд:
" ﺍﻟﻴﻮﻡ ﺃﻛﻤﻠﺖ ﻟﻜﻢ ﺩﻳﻨﻜﻢ ﻭ ﺃﺗﻤﻤﺖ ﻋﻠﻴﻜﻢ ﻧﻌﻤﺘﻲ ﻭ
ﺭﺿﻴﺖ ﻟﻜﻢ ﺍﻹﺳﻼﻡ ﺩﻳﻨﺎ "
«Имрӯз дини шуморо ба камол расонидам ва
неъматҳои Худро бар шумо тамом кардам ва
Исломро дини шумо баргузидам».
Абубакри Сиддиқ (р) чун ин оят ба гӯшаш расид
ба гиря омад ва ба ӯ гуфтанд: чӣ чизе туро ба
гиря овард эй Абубакр, ин оят ҳам ҳамонанди
оятҳои дигаре аст, ки ба Паёмбари Худо (с)
нозил мешаванд…
Абубакр (р) гуфт: Ин хабари фарорасии марги
Паёмбари Худост.
Паёмбари Худо (с) ба сӯи Мадина баргашт ва
нуҳ рӯз қабл аз вафот буд, ки охирини ояти аз
Қуръон нозил шуд:
" ﻭﺍﺗﻘﻮﺍ ﻳﻮﻣﺎ ﺗﺮﺟﻌﻮﻥ ﻓﻴﻪ ﺇﻟﻰ ﺍﻟﻠﻪ ﺛﻢ ﺗﻮﻓﻰ ﻛﻞ ﻧﻔﺲ
ﻣﺎ ﻛﺴﺒﺖ ﻭﻫﻢ ﻻ ﻳﻈﻠﻤﻮﻥ "
«Аз он рӯз, ки ба сӯи Худо бозмегардед
бимнок бошед, ҳар касро подоши амалаш ба
пуррагӣ дода мешавад ва ситаме намебинад».
Пас аз нузули ин ояти муборак буд, ки асари
рунҷурӣ ва дардмандӣ дар чеҳраи Паёмбари
Худо ҳувайдо гардид ва гуфт:
«Мехоҳам ба зиёрати шаҳидони Уҳуд биравам».
ӯ (с) ба сӯи оромгоҳи шаҳидгаштагони ғазваи
Уҳуд рафт ва болои қабрҳои ёрони шаҳидаш
истод ва гуфт: «Салом бар шумо эй шаҳидони
Уҳуд, шумо аз мо сабқат кардаед ва мо ҳам бо
хости Худо ба шумо мепайвандем ва ман ҳам
ба назди шумо меоям».
Ва чун ӯ (с) аз назди шаҳидони Уҳуд бозмегашт
аз чашмонаш ашк ҷорӣ гашта ба гиря омад.
Ёронаш гуфтанд: Эй Паёмбари Худо! Чи чизе
шуморо ба гиря овард?
Гуфт: Пазмони бародаронам шудаам.
Гуфтанд: Оё мо бародарони ту нестем эй
Паёмбари Худо?
Гуфт: «Не, шумо саҳобагон ва ёрони ман
ҳастед, аммо бародаронам қавме ҳастанд, ки
пас аз ман меоянд ва ба ман эмон меоваранд
дар ҳоле, ки маро надидаанд».
Пас аз гузашти шаш рӯзи аз ранҷурияш боз
беморӣ ва дардмандияш бештар гардид, ки он
замон дар хонаи ҳамсараш Маймуна (р) буд ва
гуфт: Ҳамсаронамро ба наздам бихонед.
Ҳамсарони гиромияш ҳама гирди ӯ (с) ҷамъ
омаданд ва аз онон хост то агар малол
набошанд рӯзҳои беморияш дар ҳуҷраи ҳамсари
хурдияш Оиша (р) бошад. Ҳамсарон ҳама
гуфтанд: Эй Паёмбари Худо! Мо ҳама хости
туро мепазирем.
Паёмбари Худо хост то аз ҷояш бархезад аммо
натавонист. Алӣ ибни Абӯтолиб ва Фазл ибни
Аббос разияллоҳу анҳумо омаданд ва паёмбари
Худоро аз ҳуҷраи ҳамсараш Маймуна (р) ба
ҳуҷраи Оиша (р) бурданд ва саҳобагон бори
аввал Паёмбари Худоро дар чунин ҳол
медиданд.
Ҳамагон дар масҷид ҷамъ омаданд, яке аз
дигаре бо тааҷуб ва бо овози паст
мепурсиданд, ки Паёмбари Худоро чӣ шудааст.
Арақ аз тани Паёмбари Худо ҷорӣ буд. Оиша
(р) мегӯяд: Дар зиндагиям касеро надида будам,
ки бо чунин шакл арақ аз танаш равон бошад.
Ман дасти Паёмбари Худоро гирифта ва бо
дасти худаш рухсорашро мемолидам, зеро
дасти Паёмбари Худо аз дасти ман хубтар ва
пурбаракаттар аст ва ӯ (с) мегуфт: Ло илоҳа
илла-л-Лоҳ, марг дорои сакарот аст.
Чун сухан ва пич-пичи меҳрубонона дар масҷид
зиёд шуд Паёмбари Худо гуфт: Чӣ хабар аст?
Гуфтанд: эй Паёмбари Худо! Барои ту дар
ҳаросанд.
Паёмбари Худо гуфт: Маро ба назди онон
баред ва хост худаш аз ҷояш бархеста ба назди
онон равад, аммо диданд, ки наметавонад.
Сипас ӯро бардошта ба масҷид оварданд. Чун
ӯро ба минбар бардоштанд охирин хутба ва
охирин суханони худро ба ёрон иброз дошта
фармуд: Эй мардум чуноне, ки ман мебинам
шумо аз ҷони ман дар ҳаросед.
Саҳобагон гуфтанд: Бале ҳамин гуна аст, эй
Паёмбари Худо.
Пас Паёмбари Худо фармуд: Эй мардум!
Ваъдагоҳи мо ва шумо дар ин дунё нест, балки
дар назди ҳавз (яъне ҳавзи кавсар) аст..
Савганд ба Худо гуё чунон аст, ки ман аз ҷоям
ҳавзро мебинам. Эй мардум! Савганд ба Худо,
ман аз омадани фақр бар болои шумо тарс
надорам, аммо ончи ки аз он тарс дорам
дунёдорӣ аст, ки шумо барои дарёфти он
мусобиқа мекунед ва ҳамонанди онҳо, ки
ҳалок шуданд ҳалок мешавед.
Пас аз он Паёмбари Худо такрор ба такрор
мегуфт шуморо ба Худо қасам медиҳам, ки
намозро ҳаргиз тарк нанамоед ва фармуд: Эй
мардум! Дар бораи занҳо аз Худо битарсед,
дар бораи занҳо аз Худо битарсед, дар бораи
занҳо ба шумо тавсияи нек мефармоям.
Инчунин фармуд: Эй мардум! Худо бандаеро аз
бандагон, миёни дунё ва ончӣ, ки назди ӯст
мухаяр гузошт ва банда ончиро, ки назди
Худост бартар шумурд.
Паёмбари Худо қабл аз он, ки аз минбар поён
шавад дуое барои мусалмонон намуда фармуд:
«Худо шуморо дар паноҳаш бидорад, Худо
шуморо нигоҳ дорад, Худо шуморо пирӯз
дорад, Худо шуморо пойдор дорад, Худо
шуморо ёрӣ диҳад…»
Ва дар поёни суханаш фармуд: «Эй мардум! Ҳар
каси аз умматамро, ки то рӯзи қиёмат аз ман
пайравӣ мекунад, салом ва дуруди маро ба ӯ
бирасонед».
Бори дигар Паёмбари Худоро ба хонааш
бурданд ва чун аз хондани намоз ҳам нотавон
гардид, фармуд: ба Абӯбакр бигӯед бо мардум
намоз бигузорад. Оиша гуфт: Эй Паёмбари
Худо, Абӯбакр марди дилнарм аст ва садои
паст дорад ва вақте Қуръон мехонад зиёд гиря
мекунад. Паёмбари Худо фармуд: Бояд ба
мардум намоз бигзорад. Оиша мегӯяд: Ман
дубора суханамро такрор кардам аммо ӯ (с)
фармуд: Шумо занҳо рақиқул-қалб (дилнарм)
ҳастед, ба ӯ бигуед ба мардум намоз
бигузорад. Оиша гуфт: Савганд ба Худо, ман
инро намегӯям ва ман дӯст медорам, ки ин
масъулият аз Абӯбакр бардошта шавад ва
медонам мардум ҳаргиз дӯст намедоранд, ки
касе дар ҷои Паёмбар биистад ва чунин касро
дар ҳар рӯйдоде ба фоли бад мегиранд ва ман
дӯст медорам ин масъулият аз Абӯбакр
бардошта шавад.
Пас аз он Паёмбари Худо дар худ андак
қудрате барои аз ҳуҷра берун омадан ва намоз
хондан эҳсос кард ва бо пои худ ба масҷид
рафт дар ҳоле, ки Абубакр бо мардум намоз
мегузорид, Абӯбакр хост як канор шавад, ки
Паёмбар (с) ба ӯ ишора кард то дар ҷои худ
бимонад, ӯ (с) омад ва канори ӯ нишаст. Дар
ҳамин лаҳзаҳои охири аз ҳаёти ӯ (с) буд, ки
Абдураҳмон ибни Абӯбакр (р) дар даст мисвок
ба наздаш ворид шуд, Паёмбари Худо ба сӯи
мисвок менигарист аммо аз шиддати беморӣ
наметавонист бигӯяд мисвокро ба ман бидеҳ,
Оиша (р) дарк намуд, ки ӯ (с) чӣ мехоҳад ва
барои ҳамин мисвокро аз бародараш
Абдураҳмон гирифт ва дар даҳони Паёмбари
Худо гузошт.
Пас аз он духтари ягонааш Фотима ба назди
падараш ворид гардид ва ашк аз чашмонаш
сарозер шуд, зеро ҳаргоҳ духтари ҷигарбандаш
ба наздаш ворид мешуд Паёмбари Худо аз
ҷояш бархоста аз пешонияш бӯса мекард, аммо
ин дафъа ҳол сурати дигаре гирифта буд.
Паёмбари Худо гуфт: Ба ман наздик шав эй
Фотима!
Паёмбари Худо чизе ба гӯши Фотима гуфт ва
гиряаш бештар гардид ва чун Паёмбари Худо
дид, ки Фотима гиря мекунад боз гуфт: Ба ман
наздик шав эй Фотима!
Бори дигар Паёмбари Худо ба гӯши
ҷигарбандаш чизе мегуфт ва дидам, ки Фотима
ин дафъа механдид. Пас аз вафоти Паёмбари
Худо аз Фотима пурсидам, ки Паёмбари Худо
ба ту чӣ гуфт?
Фотима (р) гуфт: Бори аввал ба ман гуфт: Эй
Фотима, ман имшаб ба назди Парвардигорам
меравам, ман гиря кардам, чун дид, ки ман
гиря мекунам бори дигар гуфт: Эй Фотима! Ту
аввалин касе хоҳӣ буд, ки ба назди ман меоӣ,
ман хандидам.
Оиша (р) мегӯяд: Пас аз он Паёмбари Худо аз
касони дар хона буда хост, ки ҳар дуи моро
танҳо гузоранд ва аз ман хост, ки ба ӯ
наздиктар шавам.
Паёмбари Худо сарашро дар бағали ҳамсараш
гузошт ва дастонашро боло намуда дуо
мекард, ки онгоҳ Ҷабраил (а) ба назди
Паёмбари Худо ворид шуд ва гуфт: Эй
Паёмбари Худо, фариштаи марг пушти дар аст,
иҷозати ворид шудан ба назди шуморо мехоҳад
ва аз касе қабл аз ту иҷозаи ворид шуданро
нахостааст.
Паёмбари Худо гуфт: Ба ӯ иҷоза бидеҳ эй
Ҷабраил.
Фариштаи марг ба назди Паёмбари Худо ворид
шуд ва гуфт: Саломи Худо бар ту эй Паёмбари
Худо, Худо маро фиристод то туро мухаяр
гузорам байни инки дар дунё боқӣ бимонӣ ва ё
инки ба назди Парвардигорат биравӣ?
Паёмбари Худо гуфт: Балки ба Рафиқи аъло,
балки ба Рафиқи аъло.
Пас фариштаи марг дар назди Паёмбари Худо
нишаст ва аз рӯхи поки Муҳаммад ибни
Абдуллоҳ хост то ба сӯи ризои Парвардигораш
аз тани Паёмбари Худо берун шавад. Ва дидам,
ки дасти ӯ (с) поён шуд ва сарашро, ки дар
бағалам гузошта буд гарон шуд, ин дам
донистам, ки ҷон ба ҳақ таслим намуд. Аз
ҳайрат намедонистам чӣ кор кунам, магар инки
дари масҷидро боз кардам ва фарёд задам, ки
Паёмбари Худо ҷон ба ҷонофарин супурд. Инҷо
буд, ки масҷид ҳама ба гиря омад, Алӣ ибни
Абӯтолиб аз ҳайрат дар ҷои худ нишаст. Усмон
ибни Аффон ба монанди кӯдаке гашт, ки аз
дасташ ба тарафи чап ва рост мекашиданд.
Умар ибни Хаттоб шамшерашро кашид ва
мегуфт: Касе мегӯяд Муҳаммад мурдааст
сарашро аз танаш ҷудо мекунам, танҳо ӯ чун
Мусо, ки ба мулоқоти Парвардигораш рафта
буд, барои мулоқот рафтааст ва хоҳад
баргашт…, аммо чун Абӯбакр ба назди
Паёмбари Худо ворид шуд, чодарро аз рӯи
Паёмбари Худо яксӯ кард ва ӯро ба оғӯш
гирифт ва мегуфт:
Эй халили Худо,
Эй сафии Худо,
Эй ҳабиби Худо,
Эй набии Худо ва Паёмбари Худоро бӯса
мекард.
Рӯҳи поки бузургтарин марди рӯи замин, рӯзи
душанбе, 28 моҳи сафар, дар синни 63-солагӣ
ба Рафиқи аъло пайваст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 12
Худо боши
кадомеки ин савола чавобша дона илтимос нависа дар кадом сурахо ояти чандум дакик нависа чавобашро интизорам