👉🏼Қисми (4)
🌸Теъдоди ракаъатҳои намози таровеҳи Расули Худо (с)
Ҳадиси:👇🏼
عَنْ جَابِرِ بْنِ عَبْدِ اللهِ قَالَ خَرَجَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ذَاتَ لَيْلَةٍ فِي رَمَضَانَ فَصَلَّى النَّاسَ أَرْبَعَةً وَعِشْرِينَ رَكْعَةً وَأَوْتَرَ بِثَلاثَةٍ.
📕تاریخ جرجان للمحدث الإمام فی الجرح والتعدیل ألسَّهمی: ص 316 و 317 باب حرف العين،
✏Тарҷума: Ҳазарати Ҷобир(рз) ҳадисеро нақл мекунад, ки Расули Худо(с) дар шабе аз шабҳои моҳи рамазон берун омаданд ва барои мардум чаҳор ракаъат (намози фарз) ва бист ракаъат (номози таровеҳ) ва се ракаъат намози витро эмомати карданд.
📙Китоби торихи ҷурҷон аз муҳаддис Эмом дар фани ҷарҳ ва таъдил, Асҳами: (с316 ва 317)
📜Назария уламо дар бораи ин ҳадис.
Ин ҳадиси шариф ба эътибори санад дар ҷойгоҳи ҳасан қарор дорад, ва тибқи қоъидаи усули.
(تلقى بالقبول أمت)
саҳеҳ ва қобили истидлол аст
💠Дар санади ин ҳадис дуто рови ба номҳои Муҳаммад фарзанди Ҳумайди рози
(мутавафои(248-ҳ-қ) ва Умар фарзанди Ҳоруни Балхӣ (мутавофои-194-ҳ-қ)
вуҷуд доранд, ки назарияи уламо дар бораашон мухталиф аст, яъне баъзе аз муҳаддисин гуфтанд, ки заиф ва бисёри дигар аз муҳаддисин гуфтанд мӯътамад ҳастанд.
Лизо ин ҳадис дар дараҷаи ҳасан қарор дорад, тибқи усули ҳадис ва саҳеҳ ва қобили истидлол аст.
📕Китоби қавоид дар илми ҳадис аз Алома таҳонави усмони:
(с 72)
✍ Тавзеҳи бештар:
Аз ҳамин рови Муҳаммад фарзанди Ҳумайдӣ дар китоби ҷомеъул тирмизи ва сунани Абу довуд ва сунани ибни моча ин ҳадис ривоят шуда аст.
Ва бисёри аз уламои бузург онро таъриф ва таъдилу тавсиқ кардаанд.
👉🏼Аз ҷумла Эмом Аҳмад Ибни Ҳанбал.
Ва Яҳё Ибни муъин.
Ва Эмом Ҷаъфари Таёлиси.
Ва Аллома Ибни Ҳаҷар.
Ва Аллома Ҳайсами.
Эмом Аҳмад ибни Ҳанбал мегӯяд: то замоне, ки Муҳаммад ибни Ҳумаӣд дар шаҳри Раэй зинда аст, илми ҳадис дар онҷо пойдор аст.
Амсоли ин бузургон дар ин китобҳо ёд шуда аст.
📙Табақоти Алома Суюути
(ҷ-1 с-216.)
📙Тазкиратул ҳуфози Алломо Заҳаби
(ҷ-2 с-58.)
📙Таҳзибулкамоли Аллома Мизи,
(ҷ-25 с-100 ва 101.)
📙Таҳзибул Таҳзиби Аллома Ибни Ҳаҷар
(ҷ-9 с-127) .
📙Маҷмаъузавоиди Аллома Ҳайсами
(ҷ-9 с-290.)
💠Аммо рови дигар Умар фарзанди Ҳоруни Балхӣ аз дидгоҳи уламо.
Эшон аз ровиёни ҷомеъул тирмизи ва сунани Абудовуд , сунани ибни моҷа аст. гарчи баъзе аз уламо эшонро нақд кардаанд, дар муқобил бисёри дигар эшонро таъриф ва тавсиқ карданд монанди👇🏼
🍃ألحافظُ، الإِمَامُ، المکثر، عَالِمُ خُرَاسَانَ، المُحَدِّثُ، من أوعية العلم، أحسَن أخذاً للحَديثِ مِن ابنِ المبارك، كثير السّماع، كان قتيبة يطريه ويوثقه، مُقَارِب الحديث، قال ورأيته (ای الامام البخاریّ) حَسَن الرأيِ فِيهِ.
✏тарҷума: Имом Қутайба ва
Эмом Бухорӣ таъриф ва тавсиқаш карданд,
Ин ақволро дар китобҳои зер метавон дид.
📗Тазкиратулҳуфоз Аллома Заҳаби
(ҷ-1 с-248 ва 249.)
📗Сияру Аъломунубалои Аллома Заҳаби (ҷ-8 с-41.)
📗Таҳзибул Таҳзиби Аллома Ибни Ҳаҷар
(ҷ-7 с-501 то 504.)
🍃Ин ҳадис ҳасан аст тибқи усул ва қоъидаи ҳадиси (бархурдор аз қабули умат аст ) қобили амал ва ҳуҷат аст.
Билахас касоне, ки бар ин ҳадис амал кардаанд иборатанд👇🏼
🌸Хулафои рошидин (Абубакр-Умар-Усмон-Али) ва дигар аз Саҳобаи Расули Худо (с), ва бузургони умат, ва тамоми мамолики исломӣ, дар тули чаҳордаҳ қарн бар ин ҳадис амал кардаанд ва ҷумҳури умати Муҳаммадӣ бар он иҷмоъ кардаанд.
✅Бинобар ин ин ҳадис
Саҳеҳ ва қобили ҳуҷат аст ва назди аҳноф ба дараҷаи ҳадиси тавотур мерасад.
🍃Офтоб омад далели офтоб
🍃Гар далел хоҳи руй аз ваӣ матоб.
↪Идома дорад...
✨✨✨✨✨✨✨✨
🌍Адреси мо дар телеграм ва фесбук👇🏼
✍@anjumaniilmi
✍ https://goo.gl/IvjAnw 🌐фесбук👇🏼
🆔 https://www.facebook.com/groups/1454943911438487/ 📚Анҷумани илмӣ, ислоҳӣ📝
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев