Пешаки сипосгузорам!!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 35
шеъри Лоик,ро донад илтимос
да комент нависен.Икааки
шеъра медонум:Ки?дар овони
х,аждах,солагиаш,
Даруни дарс аз устод
пинх,он,
Нигори ман сарашро шона
мекард,
Таровишх,ои эсх,оси диламро,
Барои ери ...???
нӯшӣ аз куҷо?
Бо пӯстғафсӣ ин ҳама чармина-
пӯшӣ аз куҷо?
Дирӯз бехомак будӣ, бекозаю
бомак будӣ,
Ҳоло ба бозори ҷаҳон мошин-
фурӯшӣ аз куҷо?
Долар ба каф барги хазон, дуздӣ
накардӣ?Рост гӯй,
Даври лабон кафки даҳон, дарёху-
рӯшӣ аз куҷо?
Дӣ будӣ беизораке дар кӯчаю
бозораке,
Бо зеҳни кунду ақли кунд ин тунд-
ҷӯшӣ аз куҷо?
Дирӯз таппак мезадӣ, дар пода
ҷуфтак мезадӣ,
Ай сустаку мустак, бигӯ, ин сахт-
кӯшӣ аз куҷо?
Дирӯз хомӯшак будӣ, оҷиз чу
харгӯшак будӣ,
Имрӯз бонгат то фалак, ваҳйи
сурушӣ аз куҷо?
13.1.1995. Устод Лоиқ.
Модарам, бо дилгарони ёд меорам туро.
Дар мухити хамзабонони забон гумкардагон
Чун наёбам хамзабони, ёд меорам туро.
Хар гахе дар худ фуру монам ва ё худ лахзае
Сахт гирад зиндагони, ёд меорам туро.
Ёд меорам туро чун ёди ту ёди ман аст,
Чун ту асли асли чони, ёд меорам туро.
Замирашро губору, рашку, кин нест.
Дили мо ошёни хотири уст,
Мазораш дар дил асту дар замин нест.
Устод "Лоик Шерали"
сулхи деринтизори мо омад.
Ай кчо бийовемш?
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд,
Ҳотифи зиндадори мо омад.
Кӯю барзан пур аз гадоён буд,
Фурсати шоҳкори мо омад.
Пири Канъоно, чашми ту равшан!
Юсуфи дилфигори мо омад.
Мурдаҳо норизо зи мо буданд,
Фотиҳа бар мазори мо омад.
Чор сӯ буд тирборонҳо
Яке тири барори мо омад.
Ахтари наҳс аз сари мо рафт,
Ахтари саъд ёри мо омад.
Аз сари мо хазонфишон бигзашт,
Гулфишони баҳори мо омад.
Кӯҳсоро, бибахш пастии мо,
Нангу ному виқори мо омад.
Ҳоли зору низори мо бигзашт,
Вақти ҷуду нисори мо омад.
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.