Бирав бар домани кухе тамошо. Агар диди,ки он чо лолазор аст. Бидон Лоик он чо интизор аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6
Руде нашудам, ки боге обод кунанд.
Як байт шудам, ки вакти масти хонанд,
Аз мастии шоиронаам ёд кунанд.
Котибат авзун вале яктою махбубат камаст.
Модари точик хоки поят мешавам ман,
Бачаат бисёр аммо бачаи хубат камаст.
мекунам,
Дар ҳар куҷо нишони туро ёд
мекунам.
Аз кӯчаҳои шаҳр хаёлӣ чу
бигзарам, Айвони гулфишони
туро ёд
мекунам.
Аз ҳафт ранги тобиши
рангинкамони дур
Садрангии ҷаҳони туро ёд
мекунам.
Оғӯшам аз ҷавонию зебоӣ пур
шавад,
То чеҳраи ҷавони туро ёд
мекунам.
Дар об дида ҷилваи чашми
ситорагон,
Чашмони меҳрубони туро ёд
мекунам.
Ҳар гаҳ забони
хомаам гирад зи
изтироб
Лабҳои байтхони туро ёд
мекунам.
То бӯи дард бишнавӣ аз
шеърҳои
ман,
Он дардҳои ҷони туро ёд
мекунам.
Азбас дар остонаат
мондаст лахти
дил,
Як умр остони туро ёд мекунам.
Устод Лоик Шерали
Рухашон шод бошад
Мебинамат, ки бо дили ман меҳрубонтарӣ.
Аз лаҳзаҳои кӯтаҳи дидору иштиёқ
Бас дилмувофиқи ману бас дилситонтарӣ.
Дар хобҳои мудҳишу саҳмину тираам
Мебинамат, ки ҳозирӣ ҳамчун халосгор.
Дар оташам бубиниву оташ занӣ ба даҳр,
Дар об ғарқа биниву гирӣ маро канор.
Дар хобҳои қудсии ман ту фариштаӣ,
Боли ҳарир дориву парвоз мекунӣ.
Дар рӯи боли хеш маро мебарӣ ба арш,
Бар ишқи ман даричаи дил боз мекунӣ.
Аммо чу рӯз мерасад, мебинамат, ки боз
Рӯи замини пургунаҳ ҷӯёи қисматӣ.
Дилкӯби зиндагонии якрангу якнавохт,
Дилташнаи муҳаббату умри ғаниматӣ.
Аммо чу рӯз бигзарад, аз пушти офтоб
“Бар айшҳои рафта диле шод мекунам” .
Аммо чу рӯз бигзарад, чун сояи ғуруб
Андӯҳи ту фурӯ кашад дунёи равшанам...
Устод Лоик Шерали