Аслан, агар дар мавриди ифротишавӣ сухан гӯем, чунин ба назар мерасад, ки нисбати дигар қишрҳои ҷомеа бештар ҷавонон фирефтаи дурӯғу дассисаҳои гурӯҳҳои ифротӣ гардида, ба ин ин гурӯҳо шомил мешаванд. Сабаби асосии ин омилҳо, камдонишӣ, бесаводӣ, зудбоварию гумроҳ будани як зумра ҷавонон аст.
Имруза ҳастанд ҷавононе, ки аз сабаби, саводи кофӣ надоштан ба ҳизбу созмонҳои хусусияти экстремистидошта, гурӯҳҳои ҷангҷӯю тундрав шомил мешаванд. Ва ин гурӯҳҳои тундрав аз ин ҷавонони гумроҳ истифода намуда, оромиву суботи ҷомеаро халалдор месозанд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳояшон таъкид карда буданд, ки “...бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хуруфот ҷомеа ба ҷое намерасад. Хуруфот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад....”
Бояд гуфт, ки ҷавонони бомаърифат ва ояндасози миллатро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва шароити мусоиди фароҳамкардаи Ҳукумати мамлакат, дастуру ҳидоятҳои дар Паёми Президенти мамлакат ироашударо сармашқи кори худ қарор дода, пайваста илмҳои муосир ва забонҳои хориҷиро хуб аз бар намуда, ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва инсонпарвариро дошта бошанд. Ҷавонони кишвар, бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, на танҳо худ аз амалҳои ифротию хиёнат ба миллату давлат канораҷӯӣ намоем, балки ба дигарон низ оқибатҳои ҳалокатбори ин амалҳои номатлубро тавзеҳ дода, худшиносиву ватандӯстиро дар вуҷуди ҳар як шахс бедор созем ва дастгиру тарғибгари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ободкории Ватани азизамон бошем. Илова бар ин, мо ки дар фазои сулҳу суботи комил ба сар мебарем, фаромӯш набояд сохт, ки ҳанӯз ҳам ба ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботу оромии кишвар хатар вуҷуд дорад. Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ, ки қудратҳои гуногун ва ҳизбу ҳаракатҳои мухталифи иртиҷоиву экстремистӣ ба мағзшӯии ҷавонон машғуланд, моро лозим аст, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Масъулият ва вазифаи ҳар сокини кишвар аст, ки ҳама гуна амалҳои ба зиндагии осоиштаи башарият таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ карда, талошҳои созандаро пеша кунанд. Албатта, то имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон даҳшати ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш накардаанд ва шаҳди ваҳдатро, ки пас аз азобу уқубати зиёд чашидаанд, қадр мекунанд. Лиҳозо, зарур аст, ки ваҳдати бо заҳматҳои зиёди Президенти кишвар бадастомадаро боз ҳам таҳким бахшем.
Эҳсони Маҷид
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев