Гурӯҳе аз шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон дар Екатеринбург шикоят карданд, ки мақомоти Русия онҳоро тарқибан се ҳафта боз дар якҷо бо муттаҳамон ба ҷиноят нигоҳ дошта, аз дарёфти хӯроки гарму муқаввӣ маҳрум кардаанд. Муҳоҷирон дар ИВС ё боздоштгоҳи кӯтоҳмуддат ҳастанд ва мунтазири қарори ихроҷ.

“Хӯроки худашон ҳаст, аммо хӯрдан намешавад. Ягон чиз даровардан намемонанд,” – шикоят кард яке аз муҳоҷирон рӯзи 9-уми январ ба Радиои Озодӣ. Номи ӯ ба далели амниятӣ нашр намешавад.
Ин муҳоҷирро рӯзи 25-уми декабри соли 2024 барои риоя накардани қоидаи иқомат дар Русия дастгир кардаанд. Мегӯяд, ки як шабро дар Идораи корҳои дохилӣ гузаронд.
Мусоҳиби мо ба нақлаш идома дод:
“Рӯзи 26-уми декабр аз Додгоҳ ба ИВС (тавқифгоҳ, боздоштгогоҳи кӯтоҳмуддат) дар ноҳияи Первоуралский оварданд. 15 рӯз шуд, ки дар инҷо маҳкамем. Хӯроки гармро надидем. Аз 29-уми декабр даровардани ролтону доширакро ҳам манъ карданд. Хӯроки мо фақат хлебу қандчой.
Муҳоҷиронро дар Русия маъмулан барои риоя накардани қоидаи иқомат ё қонуншикании хурд ба марказҳои нигаҳдории муваққатӣ барои хориҷиён бурда, аз онҷо ба зодгоҳашон мефиристанд. https://tajikpress.com/2025/01/12/%d1%88%d0%b8%d0%ba%d0%be%d1%8f%d1%82%d0%b8-%d0%bc%d1%83%d2%b3%d0%be%d2%b7%d0%b8%d1%80%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d0%b1%d0%be%d0%b7%d0%b4%d0%be%d1%88%d1%82%d1%88%d1%83%d0%b4%d0%b0%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7-2/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев