Мардумии Ғазза зиёда аз як сол аст, ки дар муҳосираи режими саҳюнистӣ ҳастанд ва таҳти ҳамлаҳои ҷинояткронаи артиши Исроил қарор доранд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, мардуми Ғазза бо куштор ва ҳамлаҳои ҳаррӯза ва камбуди шадиди ғизо рӯбарӯ ҳастанд. Баъзе марказҳои хайрия, ки ғизои ройгон таҳия ва тақсим мекунанд, танҳо умеди мардуми Ғазза барои фирор аз марг аз гуруснагӣ мебошанд.
Фаъолони расонаӣ дар шаҳри Ғазза вазъияти иқтисодӣ дар ин борикаро бо вуҷуди муҳосира шудан аз тарафи Исроил фоҷиабор тавсиф карда мегӯянд, ки режими Исроил илова бар бастани роҳи вуруди ғизо ба Ғазза айни замон сарзаминҳои бештареро ҳам ғасб карда истодааст.
Илова бар ғизо камбуди оби ошомиданӣ ва камбуди энержӣ ва сӯхт омили густариши бемориҳои сирояткунанда дар миёни шаҳрвандони фаластинӣ шудааст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев