Хадамоти алоқаи ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарони меҳмонхонаҳои пойтахт супориш дод, ки ҷиҳати таъмин намудани меҳмонони хориҷӣ бо интернети баландсуръати на кам аз 100 мбит/с иқдом кунанд.
Хадамоти алоқаи ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарони меҳмонхонаҳои пойтахт супориш дод, ки ҷиҳати таъмин намудани меҳмонони хориҷӣ бо интернети баландсуръати на кам аз 100 мбит/с иқдом кунанд.
Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҷаласаи корӣ бо намояндагони меҳмонхонаҳо, ширкатҳои мобилӣ ва фароҳамгарони интернет дар мавриди баланд бардоштани суръати интернет дар меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар ҷаласа масоили таъмин намудани пайвастшавии бефосила ба шабакаи интернет тариқи вай-фай ва таъмини суръати зарурии интернет барои сайёҳон дар меҳмонхонаҳои кишвар, таҷдиду навсозии таҷҳизоти техникии меҳмонхонаҳо барои таъмини интернети баландсуръат ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонони хориҷие, ки дар чорабиниҳои сатҳи баланд дар Тоҷикистон ширкат мекунанд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Аҳлидин Муртазозода, муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон таъкид намуд, ки зимни санҷишҳо аз тарафи гурӯҳи корӣ муайян шуд, ки дар ҳамаи меҳмонхонаҳои шаҳр суръати интернет ба талабот ҷавобгӯ набуда, ин ҳолат боиси нигаронии меҳмонони хориҷӣ ва сайёҳон шудааст.
Аз ҷумла, дар меҳмонхонаҳои “Душанбе”, “Авесто”, “Тоҷикистон” ва “Айнӣ” таҷҳизоти техникии таъминкунандаи интернет фарсуда, корношоям ва ё куҳна шудааст, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ набуда, иқтидори таъмин намудани интернети баландсуръатро надоранд. https://tajikpress.com/2024/12/12/%d0%b8%d0%bd%d1%82%d0%b8%d2%9b%d0%be%d0%b4%d0%b8-%d1%85%d0%b0%d0%b4%d0%b0%d0%bc%d0%be%d1%82%d0%b8-%d0%b0%d0%bb%d0%be%d2%9b%d0%b0-%d0%b0%d0%b7-%d1%81%d0%b8%d1%84%d0%b0%d1%82%d0%b8-%d0%b8%d0%bd%d1%82/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев