Бархе мақомоти украинӣ эътироф карданд, ки Киев дар ҳоли пеш рафтан ба самти тавофуқи талх ва аз даст додани бахши густурдае аз хоки ин кишвар дар муқобили дарёфти замонатҳои амниятӣ аз Русия аст.
Ба гузориши хабаргузории “Ал-Ҷазира”, бархе мақомоти украинӣ эътироф карданд, ки Киев дар ҳоли пеш рафтан ба самти тавофуқи талх бо Русия барои поён додан ба ҷанг аст.
Бар асоси гузориши хабаргузории “Блумберг” (Bloomberg) ин мақомоти украинӣ гуфтанд: дар ҳоли пеш рафтан ба самти тавофуқи талх ҳастем, ки тайи он бояд аз масоҳати густурдае аз хоки Украина ба нафъи Маскав дар муқобили дарёфти замонатҳои амниятӣ кӯтоҳ биёем.
Ин хабар дар ҳоле аст, ки хабаргузории РИА-Новости гузориш дод: Вазорати дифои Русия эълом кард, ки дар ҳамалоти талофи ҷуёна, маркази фармондеҳӣ ва таъсисоти тавлиди таслиҳоти Украина ҳадаф қарор гирифт.
Ин вазоратхона афзуд: неруҳои мусаллаҳи Русия дар посух ба ҳамлаи рӯзи панҷ шанбеи Киев ба корхонаи “Комбайн Комонский” дар Ростов, бо ба коргирии силоҳҳои дақиқи дурбурд, маркази фармондеҳи сервиси амнияти Украина, ширкати созандаи мушакҳои “Нептун” ва “Уилкха” ва мавозеъи сомонаҳои “Патриот”-ро ҳадафи ҳамла қарор дод. https://tajikpress.com/2024/12/21/%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d1%83%d0%ba%d1%80%d0%b0%d0%b8%d0%bd%d0%b0-%d1%83%d0%ba%d1%80%d0%b0%d0%b8%d0%bd%d3%a3/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев