Узви Дафтари сиёсӣи Ансоруллоҳи Яман бо зикри ин, ки ҳамлаи Амрико ва Исроил ба инфрасохторҳои ғайринизомӣ, чаҳорчӯбаи воқеии риёкории Ғарбро ошкор менамояд, таъкид кард, ки Яман ба ҳар таҷовуз посухи мувофиқе медиҳад ва дастгирии низомии он аз Ғазза идома хоҳад ёфт.
Ба гузориши ТоҷикПресс, пас аз ҳамлаи ваҳшиёнае, ки режими саҳюнӣ дар соатҳои ибтидои субҳи имрӯз алайҳи инфрасохторҳои ғайринизомӣ дар Яман анҷом дод, Муҳаммад Бахитӣ, узви Дафтари сиёсӣи Ансоруллоҳи Яман, дар муқоиса бо ин таҷовузи душмани саҳюнӣ эълон намуд, ки бомборон кардани иншооти ғайринизомӣ аз тарафи Амрико ва Исроил, чаҳорчӯбаи воқеии риёкории Ғарбро ошкор мекунад.
Бахитӣ таъкид кард: “Оператсияҳои низомии мо дар дастгирии Ғазза идома хоҳад ёфт ва мо ба ҳар таҷовуз посухи мувофиқе медиҳем, то вақте ки ҷиноятҳои наслкушӣ дар Ғазза қатъ шавад.”
Ин узви Ансоруллоҳи Яман гуфт: “Дастгирии Яман аз Ғазза то замони қатъ шудани ҷиноятҳои наслкушии душмани саҳюнӣ зидди халқияти Фаластин ва воридшавии ғизо, доруворӣ ва сӯзишворӣ ба ин минтақа идома хоҳад ёфт.”
Манобеи хабарии Яман субҳи имрӯз, панҷшанбе, гузориш доданд, ки таркишҳо дар шаҳри Санъо ва Ҳудайда ба вуқӯъ пайваст. Бар асоси гузоришҳо, нерӯгоҳи барқӣ дар минтақаи Хазиз дар ҷануби Санъо дар се навбат ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Рӯзноманигорҳои саҳюнӣ низ хабар доданд, ки ҳамлаҳои анҷомдода алайҳи Яманро нерӯҳои ҳавоии Исроил анҷом додаанд. https://tajikpress.com/2024/12/19/%d0%b0%d0%bd%d1%81%d0%be%d1%80%d1%83%d0%bb%d0%bb%d0%be%d2%b3%d0%b8-%d1%8f%d0%bc%d0%b0%d0%bd-%d0%b1%d0%b0-%d2%b3%d0%b8%d0%bc%d0%be%d1%8f%d1%82-%d0%b0%d0%b7-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d0%b8%d0%b4/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев