Вазорати хориҷаи Русия бомдоди чаҳоршанбе иддаои Амрико мабнӣ бар дахолат надоштан дар террори мақоми аршади вазорати дифои ин кишварро рад кард.
Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Мария Захарова” сухангӯи вазорати умури хориҷаи Федератсия Русия бомдоди чаҳоршанбе иддаои Амрико мабнӣ бар дахолат надоштан дар террори мақоми аршади вазорати дифои ин кишварро рад кард.
Мария Захарова дар мусоҳиба бо шабакаи “РИА-Новости” зимни музҳик тавсиф кардани чунин такзибияҳое, гуфт, ки набояд ба ингуна изҳорот гӯш дод.
Вай дар инбора тавзеҳ дод:«Вашингтон режими Киевро эҷод ва мусаллаҳ кард ва ҳаргиз ҳамлаи террористӣ ё террори барномарези шуда тавассути режими Киевро маҳкум накардааст».
Рӯзи сешанбе буд, ки расонаҳои русӣ аз террори Генерал “Игор Крилов”, раиси неруҳои дифои радиолужикӣ, химиёвӣ ва биологикии неруҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия дар амалиёти вижаи авомили украинӣ хабар доданд. https://tajikpress.com/2024/12/18/%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d0%bc%d0%b0%d1%81%d0%ba%d0%b0%d0%b2-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d1%80%d1%83%d1%81%d3%a3/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев