Пас аз суқути давлати Сурия нахуствазири ин кишвар эълом кард, ки омодаи ҳамкорӣ бо ҳар раҳбаре аст, ки мардуми Сурия интихоб кунанд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, субҳи имрӯз телевизиони Сурия эълом кард, ки давлати Башор Асад суқут карда ва раисҷумҳури ин кишвар низ аз Димишқ хориҷ шудааст.
Муҳаммадғозӣ Ҷалолӣ, нахуствазири Сурия пас аз суқути ин кишвар эълом кард, Субҳи якшанбе дар сохтмони нахуствазирӣ ҳозир мешавам ва омодаи ҳаргуна иқдоме барои интиқоли қудрат ва таслим ҳастам”.
Ӯ гуфт, ки омодааст бо ҳар раҳбаре, ки мардуми Сурия интихоб кунанд, ҳамкорӣ кунад.
Ҷалолӣ афзуд: “Умедворам, ки ҳамаи мардуми Сурия, бо ақлоният дар хусуси манофеи кишварашон фикр кунанд, дастамонро ба сӯи ҳар шаҳрванди сурие, ки ба ҳифзи тавоноиҳои кишвараш алоқаманд аст, дароз мекунем ва аз шаҳрвандон мехоҳам ба амволи умумӣ ва давлатӣ хисорат ва осибе назаданд”.
Нахуствазири собиқи Сурия сипас гуфт: “Имон дорем Сурия барои ҳамаи мардуми Сурия аст ва Сурия метавонад як кишвари табиӣ бошад, ки равобити хубе бо ҳамаи кишварҳои ҳамсоя бидуни узвият дар эътилофҳо ва меҳварҳо дошта бошад”.
Аз сӯи дигар Абӯ Муҳаммад Ҷавлонӣ, раҳбари гуруҳи Ҳайати Таҳрир-уш-шом, эълом кард, ки “Муҳамадғозӣ Ҷалолӣ” то замоне, ки ба шакли расмӣ қудратро мунтақил кунад, мудирияти созмонҳо ва вазоратхонаҳоро дар даст хоҳад дошт.
Гуруҳҳои террористӣ соате пеш аз меҳварҳои мухталиф вориди Димишқ, пойтахти Сурия шуда ва бидуни ҳеҷ муқовимате тамомии шаҳрро ба кантроли худ дар овараданд.
Онҳо ҳамчунин бидуни ҳеҷ гуна муқовимате, кантроли фурудгоҳи Димишқ ва сохтмони радио ва телевизиони Сурияро низ ба даст гирифтаанд. https://tajikpress.com/2024/12/08/%d0%b4%d0%b0%d0%b2%d0%bb%d0%b0%d1%82%d0%b8-%d0%b1%d0%b0%d1%88%d0%be%d1%80-%d0%b0%d1%81%d0%b0%d0%b4-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d1%81%d1%83%d1%80%d0%b8%d1%8f-%d1%81%d1%83%d2%9b%d1%83%d1%82-%d0%ba%d0%b0%d1%80/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев