То рӯзи 135 ҷуми ҷанги режими ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи Навори Ғазза, ҳадди ақал 130 хабарнигор ба шаҳодат расидааст.
Ба гузориши хабаргузории маркази иттилоъ расонии Фаластин, ҳадди ақал 130 хабарнигор то рӯзи 135 ҷуми ҷанги режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи Навори Ғазза ба шаҳодат расидааст.
Бароин асос метавон гуфт, ки режими ҷинояткор ва хуношоми саҳюнистӣ тақрибан ҳар рӯз як хабарнигори фаластиниро шаҳид кардааст.
Рӯзи гузашта низ, «Ашраф Ал-Қадура», сухангӯи вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Ғазза эълом кард: ишғолгарон монеи расидани корвони кумакҳои ирсолии Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ба бемористони Носир мешаванд.
Вай афзуд: 120 бемор ва беш аз 100 овора ва кодри дармонӣ бидуни ғизо ва барқ дар бемористони Носир ҳастанд. Ҳафт бемор дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористони Носир бидуни оксиген дар маърази марг қарор доранд. https://tajikpress.com/2024/02/19/%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d0%bd%d0%b0%d0%b2%d0%be%d1%80%d0%b8-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d1%80%d0%b5%d0%b6%d0%b8%d0%bc%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d1%8e%d0%bd%d0%b8%d1%81/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1