НИДОИ ДИЛ...
_____
_____
Ё Раб, Ту маро даст бигир, ёрам бош,
Дар рӯи ҷаҳон ягона ғамхорам бош.
Ҷуз ту ба касе такя набитвонам кард,
Донандаи сад гуфтаву асрорам бош.
Танҳо ба ту ман роз кушоӣ созам,
Малҳам ба тану синаи беморам бош.
Шаб, ки ҳама дар хоби ширин хобиданд,
То субҳи саҳар ҳамраҳи бедорам бош.
Ҷуз ту ба касе нест, маро бовари худ,
Бар қулф калиде ба ҳама корам бош.
Гарчӣ ҳама, чун шаб ба сиёҳӣ рафтанд,
Худ шамъу чароғе ба шаби торам бош.
Ин банда ба ҷӯз, сӯи ту роҳе наравад,
Хушҳолии ин қомати афгорам бош.
Муҳаммадиқболи Раштӣ.
Нет комментариев