ҲИКОЯТИ ИБРАТНОК...
Як марде дар биёбон кору фаъолият мекард.
Биёбон беҳад тафсон буд ва ӯ вақте бегоҳ мешавад, корашро ба анҷом расонида, ба хонааш бармегардад.
Занаш ба пешвозаш мебарояд ва мебинад, ки шавҳараш бисёр хаставу лабонаш аз ташнагӣ хушк шудааст.
Мард ба тарафи ҳамсараш муроҷиат карда мегӯяд: "Бароям як коса об биёвар,то ташнагиамро шиканам !".
Зан дарҳол рафта як коса об гирифта оварда, ба дасти шавҳараш медиҳад ва мард мебинад, ки зарфи об хасчаҳо дорад, лекин чизе нагуфта оҳиста оҳиста ҳамон обро нӯшидан мегирад.
Ӯ обро бисёр боэҳтиётона менӯшид, ки мабодое ба ҳалқаш хасҳои болои об наравад.
Мард обро нӯшиду ба занаш гуфт: "Эй хонуми ман, ту дидӣ, ки лабҳоям хушк шудагию бисёр ташна будам, чаро оби пок наовардӣ, то ташнагиамро зудтар мешикастам, ҳарчанд бо ҳамон оби хасдор ҳам ташнагиамро шикастам, аммо дер ташнагиамро шикастам.
Зан гуфт: "Шавҳари азизам, медонед, ки Шуморо хеле ҳампаймонам ва зиёд дӯст медорам. Худо мефармояд, ки ҷаннати ҳар як зан ин шавҳараш аст ва ҳукми ӯ бар ҳамсараш воҷиб аст. Аммо, ман дар аҳодисҳои Расули Худо саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам шунидам, ки инсон агар бисёр ташна монда яку якбора бо сурат обро бинӯшад, ҷигараш иллатӣ, яъне бемор мешавад, ба ҳамин хотир ман дидам, ки бисёр ташна мондаед ва ҳатто лабонатон хушк шудагӣ буд, нахостам бемор шавед, аз ҳамин лиҳоз ман дар болои об каме хаспораҳоро андохтам, то Шумо оҳиста оҳиста ва боэҳтиётона обро бинӯшед."
Шавҳари он зан аз чунин меҳрубонии ҳамсараш хеле шод гардида, ба тақдири некаш аз Худованд бори дигар шукргузорӣ намуд.
ДУО МЕКУНЕМ, КИ ЯЗДОНИ ПОК БА ҲАМА БАНДАГОНАШ ЧУНИН ҲАМСАРОНИ МЕҲРУБОНУ ПАРҲЕЗГОРРО НАСИБ ГАРДОНАД.
Комментарии 1