Дар дилам сад ғусса коштиву надидам аз ту суд.
Гуфта будӣ, ки замоне вохурӣ созем ба ҳам,
Ончунон кардӣ фаромӯш, гӯиё чизе набуд.
Чанд рӯзе зора кардам, акси худ бар ман намо,
Ваъдаи як рӯз кардиву вале он ҳам нашуд!
Бо муҳаббат, бо вафо, бо қадрошноии худ,
Хостам дунёи ту афсонавӣ созам, нашуд!
Гарчи мегӯӣ, ки ман дунёпараст нестам, веле,
Худ надониста, ба моли ин ҷаҳон дорӣ суҷуд!
Қадри ишқу меҳрро афсӯс намедонад дилат,
Ту бирав бо он касе бош, сангдил аст дар вуҷуд.
Ту нафаҳмидастӣ, як бор дар ҳаёт ишқ мерасад?
Гар надонӣ қадрӣ ишқ, асло набинӣ қадр худ!
Бевафою аҳд будӣ ту зи аввал, во дареғ,
Ки дилам майли туи бемеҳру беаҳд карда буд!
Дар дили Шайдо ҷаҳонеро бисӯхтӣ беамон,
Мерасад рӯзе, ки сӯзи то қиёмат худ ба худ!..
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6