Предыдущая публикация
Ҳазорон дард бар мо доду онро бедаво бинвишт.
Мудавво нест дигар ҳеҷ бар дарди ҷудоиҳо,
Ки номи дилбару номи маро аз ҳам ҷудо бинвишт.
Надорад интиҳое шикваам аз хатти пешонӣ,
К -аз аввал қиссаи умри маро бо сад хато бинвишт.
Сарамро пур зи савдо, дидаамро пур зи ашки хун,
Диламро пурғаму пурҳасрату дардошно бинвишт.
Ба дил гуфтам: дар ин зулматсаро аҳволи ту хуб аст?
Бигуфто " оҳ " -у бар лавҳи забон овози " ҳо " бинвишт.
Варақро пора карда шеъри худ аз сар нависам ман,
Чи созам лек бо он сарнавиште, ки Худо бинвишт.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев