Чашми дигараш набуд. Аз ин рў, аз модари худ нафрат доштам, зеро ин ҳолат дар байни ҷўраҳоям маро ногувор месохт. Вақте ки ман хурд будам, падарам дар як садама вафот карда буд. Таъмини зиндагии оила дар дасти модарам буд. Барои ҳамин дар мактаб ошпаз шуда кор мекард.
Як рўз дар мактаб будам, ки модарам ба назди ман омад, ҳолпурсӣ кардарнӣ шуд. Аз ҳамсинфонам шарм карда аз назди модарам дур шудам. Ин рафторро барои ман чӣ гуна мекард? Бо нафрат сўйи модарам нигаристам. Рўзе як дўстам аз ман пурсид:
-- Mодарaт танҳо як чашм дорад, барои чӣ чашми дигарш нест?
Дўстони дигарам ҳам ба ман механдиданд. Аз ин хеле шарм карда мурдани модарамро мехостам. Вақте ки бо модарам во хўрдам, ба вай гуфтам, ки ту сабаби мазоху масхараи ман мешавӣ, аз ин сабаб ман бо ҳамсинфонам ҷанҷол мекунам. Мурданат хубтар аст гуфтам.
Модарам ба ман ҳеҷ чиз нагуфт. Танҳо бо як чашмаш ба ман нигарист ва рафт. Он суханҳое, ки ба модарм гуфтам, беандешона гуфтам, зеро ки асабӣ будам. Ҳиссиёти вай маро алоқадор намекард. Модарамро дар хона намехостам, аммо хона аз ў буд. Ба муваффақиятҳои бисёр сазовор гаштам ва ба донишгоҳи Қуния дохил шудам.
Баъд аз якчанд сол оиладор шудам. Пул ҷамъ карда соҳиби хона гаштам, фарзандор шудам ва аз ҳаётам мамнун будам. Модарамро аз хотир бароварда будам. Як рўз модарам ба зиёрати мо омад. Аз байн чанд солҳо гузашта буд, ки маро надида буд. Ба назди дар омада дарро тақ-тақ кард. Дарро кушодам, ки фарзандонам аз модари якчашмаи ман тарсиданд ва гурехтанд. Фарзандонамро бо модаркалонашон шинос карда натавонистам.
Як фурсат ёфта ба ў гуфтам, ки чӣ гуна роҳи хонаи маро ёфтӣ? Дарҳол аз ин ҷо дур шав. Модарам ҷавоб дод:
-- Узр мепурсам, суроғаи хонаро хато кардам! Суханҳои охирини модар ба фарзанд буд.
Аз байн чандин солҳо гузашт. Як рўз хаткашон ба ман мактубе овард. Мактуб аз номи модарам буд. Онро кушода ба хондан сар кардам.
Писарҷони азизам... Ҳамеша даф ёди ту будам, туро фикр мекардам. Барои туро нороҳат ва фарзандонатро тарсониданам аз ту узр мехоҳам. Сабаби якчашма буданамро ба ту мефаҳмонам...
Вақте ки ту хеле хурдакак будӣ, мо дар фалокати нохуш дучор шудем. Падарат вафот карду ту боши аз як чашмат ҷудо шудӣ. Илоҷи ҷарроҳӣ надошт. Бо маслиҳати духтурон як чашмамро ба ту додам. Имрўзҳо ман якчашма мондам, лекин туро нахостам, ки якчашма монӣ. Барои ту ман аз ҷонам ҳам мегузарам, то ки ту солиму бардавом бошӣ. Барои ту аз ҳама чиз гузашт кардам, чунки ту фарзанди ман ҳастӣ.
Туро бисёр дўст медорам.... Модарат....
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 27
СИНАИ ПУРДАРДИ МОДАР ТО АБАД ОСУДА НЕСТ,
КАЛБИ У ДАР ЗЕРИИ ХОК ХАМ ЁДИ ФАРЗАНД МЕКУНАД!!!