(Қиссаи воқеӣ). (Тахияи Дусти Худо). Марде бо сабаби мушкилиҳои зиндагӣ аз чанд нафар қарздор шуд. Чун мардуми қарздода ӯро ба танг оварданд, назди савдогаре омад ва то муддати муайян ба миқдори 500 динор маблағ қарз гирифт ва онро ба дигарон тақсим кард. Муддати қарз фаро расид, вале ҳолати иқтисодии он мард беҳ нашуд, балки аз пештара бадтар буд. Ҳарчанд кӯшиш кард, натавонист қарзи савдогарро адо намояд. Савдогар молашро талаб кард, вале мард чизе надошт, ки қарзро баргардонад. Савдогар ба қозӣ шикоят кард. Қозӣ онҳоро даъват кард, чун донист, ки он мард чизе доро нест ва имконияти адо намудани қарзро надорад, ҳукм кард, ки мардро зиндон кунанд. Мард гуфт: - Ба ман то пагоҳ фурсат бидеҳ, то бо аҳли хонаводаам хайрухуш кунам. Қозӣ гуфт: - Ман туро ба зиндон маҳкум кардам, кӣ зомин мешавад, ки ту пагоҳ бармегардӣ? Каме фикр кард ва гуфт: - Зомини ман Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мешавад. Агар наомадам, эй қозӣ, шоҳид бош, ки ман аз уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам набудаам. Қозӣ дар он чеҳраи он мард нури имону тақворо дид, ба ӯ бовар кард ва ӯро раҳо кард. Чун ба хона омад, ба ҳамсараш қиссаи ҳабсаш ва қозиро нақл кард. Ҳамсараш гуфт: - Бо шарофати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам имрӯз озод шудӣ, биё ҳамроҳ ба ӯ салавоти зиёд мефиристем, шояд ба шарофати он моро пурра аз ин мусибат озод намояд. То дергоҳ ҳамроҳ бо салавоту дуо машғул шуданд ва чун ба хоб рафт, дар хоб Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салламро дид. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба ӯ гуфт: - Ба назди фалонӣ, шахси сарватманд аст, бирав ва ба ӯ бигӯй, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам барояш салом мегӯяд ва амр мекунад, ки қарзи туро адо намояд. Агар бовар накард, бигӯй, ки ду нишона дорӣ. Аввал он аст, ки ӯ ҳар шаб ҳазор маротиба ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам салавот мефиристад. Дуввум он, ки шаби гузашта дар ҳисоби салавот хато кард, вале ба ӯ хабар деҳ, ки комилан расидааст. Чун мард ба назди он шахс рафту амри Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салламро барояш расонд ва нишонаҳоро гуфт, он шахс гирён шуд ва барояш 500 динор барои адои қарзаш ва 2500 динори дигар аз хурсандӣ ато намуд. Мард ба назди қозӣ рафт, то ба ваъдааш вафо ва қарзашро адо намояд, дид ки қозӣ дидори ӯро бо шавқу рағбати ғайриоддӣ интизор аст. Қозӣ гуфт: - Бо баракати ту ман имшаб Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар хоб дидам, ки ба ман гуфт: Қарзи ин мардро адо намо. Ин 500 динорро бигир ва қарзатро адо намо. Ин лаҳза савдогари қарздода аз дар даромад ва он мардро ба оғӯш кашида гуфт: - Бо баракати ту имшаб Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар хоб дидам, ки ба ман гуфт: Қарзи он мардро авф намо! Қарзатро бахшидам, боз ин 500 динорро бигир ва ба фарзандонат масраф намо. Ҳамин тавр, марде, ки 500 динор қарздор буд, ҳам қарзаш адо шуд ва боз 3500 динор маблағ сарват пайдо намуд. Аз Убай ибни Каъб ривоят мешавад, ки аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам пурсид: - "Эй Паёмбар, агар ҳамеша бар ту салавоти бисёр фиристам, чӣ мешавад? Гуфт: - Ҳамаи мушкилотат кушода ва гуноҳҳоят бахшида мешавад". Ривояти Тирмизӣ, Аҳмад ва Ибни АбиШайба (ҳадиси ҳасани саҳеҳ). Аллоҳумма салли ва саллим ало Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2