Як намояндаи Украина таъкид кардааст, ки раисиҷумҳури ин кишвар монеаи асосии қатъи ҷанг ва барқарории сулҳ дар Украина мебошад.
Share
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Александр Дубинский, намояндаи порлумони Украина, бо нашри паёме дар канали телеграмии худ изҳор дошт, ки ҳоло Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина, монеи асосии расидан ба оташбас ва сулҳ дар Украина мебошад.
Ӯ дар ин маврид навиштааст: “Худи Зеленский ҳанӯз намедонад, аммо имрӯз ӯ ба монеи асосии расидан ба сулҳ дар Украина табдил ёфтааст. На танҳо тамоми афрод дар фазои маҷозӣ, балки ҳамаи украиниҳо — бидуни истисно аз мардумони оддӣ то низомиён — хостори сулҳ ҳастанд.”
Ба гуфтаи ин намояндаи украинӣ: “Танҳо онҳое аз вазъияти кунунӣ манфиат мебаранд, ки дар бораи зарурати идомаи амалиёти низомӣ ҳарф мезананд ва воқеияти хаёлӣ дар бораи ташнагии идомаи ҷанг эҷод мекунанд.” https://tajikpress.com/2024/12/25/%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d1%83%d0%ba%d1%80%d0%b0%d0%b8%d0%bd%d0%b0-%d0%b7%d0%b5%d0%bb%d0%b5%d0%bd%d1%81%d0%ba%d0%b8%d0%b9-2/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев