Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон аз афзоиши 19,1% тиҷорат байни Тоҷикистон ва Русия хабар додааст.
Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки дар 10 моҳи соли 2024 гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон нисбат ба соли 2023 19,1 дарсад афзуда, 1 миллиарду 618 миллион долларро ташкил дод.
Ба нақл аз ТАСС, Тибқи ҳамин омор, дар маҷмуъ, гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар ин давра 7,3 миллиард долларро ташкил дода, ин рақам низ нисбат ба соли гузашта 18,6 дарсад зиёд аст.
Намояндаи тиҷоратӣ таъкид кард, ки Русия тайи 15 соли охир ба таври анъанавӣ шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон аст. https://tajikpress.com/2024/12/24/%d0%b0%d1%84%d0%b7%d0%be%d0%b8%d1%88%d0%b8-191-%d1%82%d0%b8%d2%b7%d0%be%d1%80%d0%b0%d1%82-%d0%b1%d0%b0%d0%b9%d0%bd%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d0%b2%d0%b0/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев