Раҳбари католикҳои ҷаҳон ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Ғаззаро «зулму беадолатии бузург ва бераҳмона» тавсиф кард ва гуфт: Дар Ғазза кӯдаконро бо силоҳҳои автоматӣ тирборон мекунанд.
Ба гузориши хабаргузории “Анатолия”, Попи Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон, дар суханронии худ изҳор кард, ки бо азобу дард ба вазъи Ғазза, ки таҳти ҳамлаҳои саҳюнистҳо қарор дорад, фикр мекунад ва он чӣ дар онҷо рух медиҳад, «зулму беадолатии бузург ва бераҳмона» аст.
Попи Франсис ба муносибати наздик шудани иди мавлуди Масеҳ аз ҳамаи тарафҳои даргир дар ҷангҳо даъват кард, ки ҷангҳоро қатъ кунанд ва гуфт: Ҳангоме ки Украина ҳамчунон таҳти ҳамла қарор дорад, ин ҳамлаҳо гоҳе мактабҳо, бемористонҳо ва калисоҳоро ҳадаф қарор медиҳанд. Бигзор силоҳҳо хомӯш шаванд ва навоҳои идонаи мавлуди Масеҳ дар саросари ҷаҳон танин андозанд.
Раҳбари маънавии католикҳои ҷаҳон афзуд: Биёед барои барқарор шудани оташбас дар иди мавлуди Масеҳ дар Украина, дар саросари Ховари Миёна ва дар тамоми ҷабҳаҳои ҷаҳон дуо кунем.
Попи Франсис бо изҳори дардмандӣ аз вазъи Ғазза гуфт: Ин як зулми бузург аст. Кӯдакон бо силоҳҳои автоматӣ тирборон мешаванд, мактабҳо ва бемористонҳо бомбборон мешаванд ва чунин зулмеро намешавад таҳаммул кард. https://tajikpress.com/2024/12/23/%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d1%85%d0%be%d0%b2%d0%b0%d1%80%d0%b8-%d0%bc%d0%b8%d1%91%d0%bd%d0%b0-%d0%bf%d0%be%d0%bf%d0%b8-%d1%84%d1%80%d0%b0%d0%bd%d1%81%d0%b8%d1%81/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев