Вакилони парлумони Қирғизистон тарҳи қонун дар бораи ҷорӣ кардани ҷарима барои таҳқиру туҳмат дар расонаҳо ва интернетро қабул карданд.
Ба нақл аз Kaktus.media , вакилони парлумони Қирғизистон тарҳи қонун дар бораи ҷорӣ кардани ҷарима барои таҳқиру туҳмат дар расонаҳо ва интернетро қабул карданд. Аммо маблағи ҷарима дар санади ниҳоӣ дар муқоиса бо он чизе, ки муаллифони тарҳ пешниҳод кардаанд, кам шудааст.
Дар аввал лоиҳаи пешниҳодкардаи ҳукумати Қирғизистон ба Кодекси маъмурӣ ворид намудани моддаи «Тӯҳмат ва таҳқир дар расонаҳо, сайти интернетӣ ё саҳифаи расона дар интернет» пешбинӣ карда буд. Ҳамзамон пешбинӣ шуда буд, ки барои қонуншиканон ба маблағи муодили 1150 доллар барои шаҳрвандон ва қариб 2300 доллар барои шахсони ҳуқуқӣ ҷарима таъйин шавад.
Аммо баъд аз муҳокимаҳо дар парлумон вакилон тасмим гирифтанд, ки маблағи ҷаримаҳороба таври қобили мулоҳиза кам кунанд. Дар натиҷа ҷарима барои шахсони воқеӣ ба андозаи муодили $230 ва ҷарима барои шахсони ҳуқуқӣ $747 муқаррар карда шуд.
Илова бар ин вакилони парлумони Қирғизистон Вазорати фарҳангро аз рӯйхати ниҳодҳое, ки парвандаҳои марбут ба туҳмат дар расонаҳо ва интернетро баррасӣ мекунанд, хориҷ карданд.
Тибқи лоиҳаи қонун, чунин ҳодисаҳо бояд аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ баррасӣ шуда, баъд аз он кормандони ин ниҳод парвандаро ба додгоҳ ирсол мекунанд. https://tajikpress.com/2024/12/21/%d1%82%d0%b0%d1%81%d0%b2%d0%b8%d0%b1%d0%b8-%d2%b7%d0%b0%d1%80%d0%b8%d0%bc%d0%b0-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d2%b3%d2%9b%d0%b8%d1%80%d1%83-%d1%82%d1%83%d2%b3%d0%bc%d0%b0%d1%82-%d0%b4/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев