Абдулбосит аз бузургтарин қориёни Қуръони таърихи ҷаҳони Ислом ба шумор меояд, ки бо садои малакӯтӣ ва мунҳасир ба фардаш, мактаби шохисе дар таловат бунён ниҳод ва манбаи илҳоми ошиқони Қуръон дар ҳамаи ҷаҳон шуд.
Вай дар соли 1927 дар рӯстои «Мароаза» дар шаҳри «Армант»-и устони «Қано» дар Миср мутаваллид шуд ва дар муҳити қуръонӣ парвариш ёфт.
Ториқ Абдуссамад, писари марҳӯм Абдулбосит Абдуссамад дар мусоҳибаи радиёӣ ба муносибат солгард даргузашти падари худ ба зикри хотироташ аз ӯ пардохт.
Вай гуфт ки падараш аввалин қорие буд, ки дар соли 1966, қабл аз вуҷуди ҳаргуна намояндагии диплумотик вориди Африқои Ҷанубӣ шуд ва пас аз он роҳро барои ҳузури қориёни мисрӣ дар Африқои Ҷанубӣ боз кард.
Вай дар мусоҳибаи телефонӣ бо барномаи «Субҳ бахайри Миср» афзуд: дар тули як моҳу ним иқомати падараш дар Африқои Ҷанубӣ ҳаддиақал 100 нафар ба дасти ӯ Ислом овараданд ва ӯ аз ин амр бисёр хушҳол буд. Пас аз он марокизи омӯзиши қироати Қуръони Ал-Азҳар дар онҷо таъсис шуд. https://tibyon.com/%d0%b2%d0%b8%d0%b6%d0%b0%d0%b3%d0%b8%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%b0%d1%85%d0%bb%d0%be%d2%9b%d0%b8%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d2%b3%d1%83%d0%bc-%d1%83%d1%81%d1%82%d0%be%d0%b4-%d0%b0%d0%b1%d0%b4%d1%83%d0%bb/
https://m.ok.ru/dk?st.cmd=altGroupSelectFriendToAdd&st.groupId=53549063536762&st.frwd=on&st.page=1&_prevCmd=altGroupMain&tkn=8672&_aid=groupProfInvite
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев